Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАВҶИ МӮЙҲОИ САФЕДАТ АЗ САФЕДИИ ДИЛ АСТ...

Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд,
Ҷанги хунину бераҳмона буд...

Ин байти Абулқосим Лоҳутӣ, ки 74 сол боз аз ҷанги хонумонсӯзи панҷсолаи 1941-1945 шикоят мекунад, барои хонандагон ошност. Барҳақ, таъсири мудҳиши он ҷанг на танҳо дар кишварҳои ҷангдидаи Русияву Олмон, балки дар тамоми ҷаҳон нафаси шуми он ҳис карда шуд. Аз худи ноҳияи мо садҳо ҷавонмарду ҷавонзанҳо яке чун аскари қаторӣ, дигаре шифокору тарҷумон ба ҷанггоҳ роҳӣ шуданд. Дигарон барои ғизои аскарон, пӯшок ва тиру камони онҳо бору буди худро ба фронт фиристоданд. Бегумон аз даҳ нафар як нафар дар ҳолати маъюбӣ ба ватан бармегашту руҳу ҷону ҷисми дигарон дар хоки ба қавле қаҳрамоншаҳрҳо аз Маскаву Ленинград то худи Берлин маскан ёфтаанд. Аз онҳо ба аҳли хонадонашон пораи коғазу ба ном унвони қаҳрамонӣ боқӣ монд. Масалан, гуфта мешуд, ки фарзанди Боғимайдон Содиқ Насимов ҳангоми ҷанги шадид дар яке аз ҷанггоҳҳои Ленинград қаҳрамонона халок гашт. Мо ҳамяроқон дар ин рӯзи вазнин ба шумо ҳамдард ҳастем. Ва пас аз чанде мешунидӣ, ки ҳамон ҳамяроқон ҳам ба шаҳодат расидаанд.
Чӣ тавре, ки раиси хазинаи "Нуронӣ"-и ноҳия Очил Алиев маълумот дод, ҳоло дар ноҳия танҳо як нафар иштирокдори ҳақиқии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Аҳад Очилов, ки соли 1925 дар маҳаллаи Арабхонаи боло таваллуд ёфтааст, дар қайди ҳаёт аст. Ба ӯ мукофоти пулии 7 миллиону 500 ҳазор сӯмина, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев амалӣ гаштааст, ҳамроҳи тӯҳфаҳои дигар супорида шуд.
Боз дар ин рӯзҳои ёдбуд ва қадршиносӣ ба қариб 120 нафар пиронсолон, ки дар оқиби ҷанг заҳмат кашидаанд, тӯҳфаҳо супорида, аз ҳолашон хабар мегирем. Дар ин ҷода ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов таъиноти махсус дорад. Барҳақ, меарзад, ки ба мӯйсафедони ғанимат ғамхорӣ намуда, дуо гирем. Зеро ба гуфти шоир "Мавҷи мӯйҳои сафедат аз сафедии дил аст".

Н.Дилрабо


Последнее редактирование: 03/05/2019 14:19;   Просмотров: 828
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку