Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЛАКЛАКИ САФЕД

Романи нави нависандаи самарқандӣ Баҳром Истамқулов аз тариқи нашриёти "Noshirlik yog'dusi" бо теъдоди 500 нусха чоп шуд.

Баҳром Истамқулов бо китобҳои "Бо дуои модар" ва "Дарси ҳаёт" соҳибқалам ва соҳибистеъдод будани худро исбот карда буд. Ба ин сабаб камина ба ӯ гуфта будам, ки аз байни ин ҳикояҳои навиштааш қариб маводи як роман фароҳам омадааст ва ташвиқ кардам, ки саргузашти зани муштипар Назокатро пурратар рӯи коғаз оварад. Солҳои ҷанги зиддифашистӣ ба сари мардуми мо чӣ балоҳое, чӣ фоҷиаҳое овард, бисёр навиштаанд. Баҳром Истамқулов солҳои ҷанг ва баъдиҷангиро дар як давраи калон то соли 1970 ба тасвир мегирад. Ба сабаби он ки маводи тасвиршаванда хеле калон аст, дар бисёр маврид мухтасарбаёнӣ мекунад. Фардҳои ин асар барои атрофиёни ин адиб шинос намоянд ҳам, дар воқеъ роман эҷоди бадеии нависанда аст ва адиб ҳақ дорад, ки аз одамони ба ӯ шинос прототип интихоб кунад. Дар байни онҳо одамони чун Фахрӣ, ки мисли падараш Норбой тарбия надида аст, низ ҳастанд. Нависанда бо ин асар исбот мекунад, ки Назокат барин инсонҳои покиза ва нармдилу меҳрубон худашон намемуранд, балки онҳоро пеш аз ҳама атрофиён бо муносибати дурушту ахмақона азобҳои рӯҳиву ҷисмонӣ дода, аввал ба бистари беморӣ баъд ба қабристон мекашанд. Дар ин маврид на муллои хирадманд мулло Бадриддин, на котиби ҳизби ноҳия (бародари Назокат), на раиси деҳшӯро (Дӯмхола) на раиси кумитаи занони ноҳия ноилоҷ мондаанд. Назокат дар ҳар куҷое, ки кор мекунад, мебинад, ки ӯ барин шахси ҳалолкор ва ростгӯй ба роҳбарон мақбул нест. Ӯ ҳам дар кору ҳам дар оила тарафдоре надорад. Хусусан, ба дами найрангҳои ифлоси Ҳоҷар афтидани фарзандони аввалинаш Хурраму Моҳинур барои ӯ кофист, ки аз асабоният ба бемории захми меъда дучор шавад. Болои мурда сад чӯб гуфтагӣ барин лату кӯби шавҳараш, рафторҳои ахмақонаи ӯ, ки хонаводаро қашшоқ мекунад, хусусан нашъаманд шуданаш, марги писараки паҳлавонсураташ Ёрқул ва дар охир муносибати сарди модари худаш ӯро ба бистари марг кашиданд. Илова бар ин азоби зиндагии солҳои ҷанг ва баъдиҷангиро намегӯед! Боз як қаҳрамони мусбат низ ҳаст, ки Рустам ном дорад. Ӯ низ инсони покизаахлоқ ва мисли модараш некандеш аст. Ӯ низ ба азоби модарандари девсурат тоб наоварда ба хонаи тағояш меравад ва тағояш ӯро бераҳмона истисмор мекунад, ҳол он ки мудири тарабхонаи шаҳрӣ ва сарватманд буд. Рустамро азобу машаққатҳо аз роҳи рост бароварда натавонистанд, зеро ӯро аз ҷиҳати маънавӣ мулло Бадриддин ва Назокат тарбия кардаанд. Баҳром Истамқулов бо ашки шашқатор ин романро навишт ва ман низ бо чашмони пуроб хондам. Табиист, ки ҳар як адиб дар эҷоди худ воқеаву саргузаштҳои худро истифода мебарад. Баҳром Истамқулов дар ин бобат истисно нест. Ин мушоҳидаҳои шахсии ӯ барои зиндатар ба ҷилва овардани муҳити солҳои баъдиҷангӣ хизмат кардаанд. Баҳром Истамқулов эгоизмӣ худбинии Норбойро дар характери ӯ дар як ҷои романаш ин тавр тасвир кардааст. "Норбой ба дастархон дуо хонд, дуои ӯ чаҳор калима буд: тани сиҳату хотири ҷамъро аз Офаранда мепурсид, халос". Тани сиҳату хотири ҷамъро Худо ба кӣ диҳад, танҳо ба ӯ ё ба зану фарзандонаш низ? Вақте Рустами хурдсол ба роҳи дур, яъне аз кӯҳҳои Оқсой овардани барраҳо меравад, падараш не, модараш "сиҳат рафта сиҳат биё", бачем гӯён дуо мекунад. Мо хонандагон дар образи Фахрӣ мебинем, ки ин иллати инсонӣ, яъне эгоизм ирсӣ низ будааст. Ҳамаро тарбия кардан мумкин, аммо Фахриро не, зеро ки ботинаш ба эгоизми падараш реша дорад. Дар ин асар персонажҳои меҳварӣ Назокат ва Рустаманд. Модари Баҳром Истамқулов Уламо ном дошт ва ҳавлии падараш дар деҳаи камина буд. Модарам ба Уламоойтӣ унс гирифта буданд ва агар дар оилаи мо муаммое пеш ояд, дар ин маврид Уламоойтӣ ин тавр мегуфтанд, гӯён дар ғайби он кас мувофиқ ба дастурашон рафтор мекарданд. Дар офаридани образи Назокат, Баҳром Истамқулов ба саргузашти ҳамин шахсияти ба дилаш наздик такя кардааст. Нависанда термометри ҷамъият аст. Ҳарорати организми ахлоқи ҷамъият, вазъи рӯҳии онро нишон дода меистад. Нависандаи ин роман таъкид мекунад, ки инқирози ахлоқӣ ба инқирози иқтисодӣ оварда расонидааст. Забони асар адабии комил нест. Мақсади нависанда ба забони мардуми Самарқанд асаре нависта, онҳоро ба хондани асарҳои адабӣ одат кунондан будааст. Камина вақти таҳрир кӯшидам ин услуби хоси адибро, ки ҷо-ҷо оҳанги публитсистӣ дорад, нигоҳ дорам.
Сад афсӯс, ки дар арафаи тайёрнамоии шумораи мазкури рӯзнома хабари вафоти нависандаи соҳибистеъдод Баҳром Истамқуловро шунидем. Илоҳо, равонаш шоду хонаи охираташ обод бошад.

Адаш ИСТАД, нависанда

ҲАМДАРДӢ
Аҳли идораи рӯзномаи "Гулобод тонги" аз вафоти нависанда
Баҳром ИСТАМҚУЛОВ сахт андӯҳгин буда, дар ин рӯзҳои ҷудоӣ ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳад.


Последнее редактирование: 13/09/2019 17:52;   Просмотров: 839
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку