Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КИТОБ ХОНАИ ОЛАМ АСТ...

Имрӯзҳо эътибор ба китоб ва китобдориву китобхонӣ аз ҷониби Президент ва ҳукумати мамлакатамон махсусияти зиёдеро касб намудааст.

Ба қарибӣ ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов аз фаъолияти китобхонаи хусусии собиқадори меҳнат, нуронии маҳаллаи Талибарзуи поён Шарофбобо Муҳаммадалиев ошно гардида, дарк намуд, ки агар ҳар як маҳалла соҳиби чунин инсонҳои бофазл ва шефтагони асарҳои илмиву бадеӣ бошад, аз мутолиаи китоб баҳра бурда, насли имрӯз ғановати ақлу идроки худро зиёда мекунад. Аҳсант ба Шарофбобо, ки чанд хонаеро аз гӯшаи ҳавлии худ ба олами китоб табдил дода, барои ҳамдеҳагони худ дари ганҷинаи маърифатро кушодааст.
Ҳокими ноҳия ҳангоми мулоқот бо Ш.Муҳаммадалиев иброз дошт, ки то ҷашни Истиқлолияти мамлакат ғайр аз китобхона дар маҳаллаҳо боз дар мавзеи Хоҷа Аҳрори Валӣ ва шаҳраки Гулобод китобхонаҳо фаъолияти худро сар мекунад. Зеро ягон воситаи техникӣ, шабакаҳои интернетӣ ҷои китобро гирифта наметавонад.
Ин ташаббус аз ҷониби Шӯъбаи таълими халқи ноҳия низ ба тарзи ноанъанавӣ дастгирӣ меёбад.
Чӣ тавре, ки мудири шӯъба Баҳриддин Мардонов изҳори ақида намуд, озмуни видеороликҳои тарғиби китобхонӣ байни мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия эълон гардид. Мувофиқи шарти озмун видеоролик бояд аз ду дақиқа иборат ва маънои бузургро соҳиб бошад.
Ба ғолибони озмун маҷмӯи компютер тӯҳфа мегардад.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 26/04/2019 15:43;   Просмотров: 892
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку