Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ИДОНА ФАРОВОН ШУД

то бод чунин бодо!

Бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" дар толори Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо иштироки вакилони ташкилотҳои давлативу ҷамоатӣ, мухлисону эҷодкорони рӯзнома ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ тадбири бошукӯҳ баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Фармон Тошев сарварӣ кард.
Дар тадбир ҳокими вилоят Э.Турдимов оиди ислоҳотҳои соҳаи матбуот ҳарф зад ва дастовардҳои "Овози Самарқанд"-ро эътироф кард.
Қаҳрамони Ӯзбекистон, раиси шӯъбаи вилоятии Хазинаи хайриявии "Нуронӣ" Ҳасан Нормуродов, сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриятии "Овози тоҷик" Шерпӯлод Вакилов, сухандон Шаҳло Аҳророва сухан карда, ҳамагонро бо таҷлили 30-солагии таъсиси рӯзнома табрик намуданд.
Таъкид гардид, ки бахшида ба сисолагии рӯзнома ду китоб "30 гуфтор аз 30 тор", ки намунаи хомаи сӣ эҷодкор дастҷамъ гардидааст ва "30 номаи рӯзнома" сӣ мақолаи беҳтарини рӯзноманигорон дар давоми сӣ сол таҳти рукни "Аз китобхонаи "Овози Самарқанд" чоп гардид.
Дар охир сармуҳаррири рӯзномаи "Овози Самарқанд" Баҳодур Раҳмонов дар бораи муваффақиятҳои бадастовардаи ҷамоаи рӯзнома сухан ронда, ба ҳамкорону мухбирони ҷамоатии доимии рӯзнома нишони хотирмони "Эҳтиром, эътибор, эътироф"-ро супорид.
* * *
Бо ташаббуси Маркази милливу мадании тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд ва рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" дар толори маҷмӯи фарҳангии "Олами китоби Самарқанд" тақдимоти китоби "30 гуфтор аз 30 тор" ва вохӯрӣ бо сармуҳаррири бахши тоҷикии телевизиони Ӯзбекистон Шарофат Эрматова барпо гашт. Онро сармуҳаррири рӯзномаи "Овози Самарқанд" Баҳодур Раҳмонов сарварӣ намуд. Дар он муаллифони китоб ва мухлисони каломи бадеъ иштирок намуданд.
Раиси Маркази милливу мадании тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд, сарпарасти чопи китоб Акбар Маҳмудов дар бораи ҳамкории марказ бо рӯзнома, ташкили чорабиниҳои адабиву бадеӣ, чопи китобҳо ва дастгирии эҷодкорон ҳарф зад.
Узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир Асадулло Шукуров, профессор Аслиддин Қамарзода, раиси шӯъбаи самарқандии Академияи фанҳои Тӯрон Фарҳод Аҳмадҷонов, муҳаррири газетаи "Гулобод тонги", шоир Нормурод Каримзода, ходими илмии осорхонаи вилоят Беҳрӯз Маъруфӣ, устоди ДДС, шоира Дилшоди Фарҳодзод, маърифатпарвар Толиб Усмонов, ходими рӯзнома Ситора Раҳмонбердиева, хатмкардагони "Мактаби маҳорати мухбирони ҷамоатӣ"-и назди "Овози Самарқанд" Фирдавс Ҷумъаев ва Фарзона Ҳамидова фикру мулоҳизаҳои худро оиди китоби тозанашр баён намуданд.
Китоби "30 гуфтор аз 30 тор" аз ҷиҳати музмуну мундариҷа ва тарзи ороишот аз дигар китобҳои дастҷамъ фарқи куллӣ дорад. Ҳар як муаллиф худашро ба тарзи бадеӣ муаррифӣ намудааст.
Сухангирифтагон ба сарпарастони чоп, масъулону омодакунандагони чоп изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 24/01/2020 16:16;   Просмотров: 710
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку