Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЭКОЛОГИЯИ САМАРҚАНД: АЗ "АВЕСТО" ТО "ҚУРЪОН"

Дар замони шӯравӣ, айёми атеизм моро ҳушдор медоданд, ки дин афюн аст, дин афсонаву ривоят аст. Аммо ҳангоми кор дар болои китоби "Экологияи Самарқанд" ман ба китоби "Авесто" ва китоби муқаддаси осмонӣ Қуръони Карим инчунин ҳадисҳо рӯ оварда, дарк намудам, ки он ҳама лофу газоффурӯшиҳои даврони шӯравӣ будааст. Тибқи китобҳои муқаддас маълум мешавад, ки дар онҳо бисёр масъалаҳои экологӣ ҳам фаро гирифта шудааст. Дар китобҳои "Авесто" ва "Қуръон" чӣ гуна дар ҳифзи табиат устувор будани онҳоро аз китоби "Экологияи Самарқанд" дарёфтан мумкин аст.

Дар китоб масъалаҳои муҳиму мубрами экологияи Самарқанд, аз ҷумла дар хусуси қариб аз байн рафтани чашмаҳо, ҷӯйҳо, ҳавзҳо ниҳоят кам шудани онҳо ва роҳҳои аз сари нав барқарор кардани онҳо сухан рафтааст. Аммо наметавон гуфт, ки дар китоб танҳо масъалаҳои ҳолати экологии Самарқанд баррасӣ шудаанд, масъалагузорӣ дар ҳифзи табиату дар миқёси мамлакат ва ҷаҳон бо ҳар гуна паҳлӯҳои он оварда шудааст.
Дар китоб бобҳои алоҳида ҳастанд, ки истилоҳи экологияро тавзеҳ додаанд. Масалан, "Экология чист?", "Структураи фанни экология" ва ғайра. Ман ҳангоми иншо кардани асари "Экологияи Самарқанд" аз китобҳои муқаддаси динӣ истифода бурдам. Барои тақвият додани якчанд бобҳои бахшида якчанд мисолҳоро меорем. "ҳифзи табиат дар "Авесто", "Ҳифзи табиат дар Қуръони карим", "Ҳифзи табиат дар ҳадисҳо". Бо ин аз қадимулайём вуҷуд доштани экологияро ба собит расондам.
Дар китоби "Экологияи Самарқанд" ба шарҳи тавзеҳи оинҳои ниёгонамон ба монанди "Иди Наврӯз", "Ҷашни Меҳргон", "Ҷашни Сада", "Ҳисоби мучал", ки бо табиат ва мавҷудоти зинда алоқамандӣ доранд, эътибор дода шуд.
Инчунин, асосҳои ҳақиқии ҳифзи табиат дар Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ ба монанди бобҳои "Китоби сурхи Республикаи Ӯзбекистон", "Конвенсия дар бораи бостоншиносӣ", "Ҳудудҳое, ки зери ҳимояи давлатанд", "Мамнӯъгоҳи Зарафшон", "Муҳофизати ландшафт ва ёдгориҳои табиат", "Мӯъҷизаи табиии кишвар ба насли оянда".
Дар китоб масъалаҳои экологии Самарқанд аз ҷумла "Партовҳо ва зарару фоидаи он", "Чунгул - чорбоғи Амир Темур", "Боғи шоирон бояд шоирона бошад", "Бозори болопӯшидаи Амир Темур" ба риштаи тадқиқ кашида шудаанд.

Санъат МУҲАММАДИЕВ,
доктори улуми биологӣ, профессор


Дата добавления: 06/02/2020 16:32;   Просмотров: 657
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку