Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДУРУДУ ПАДРУДИ АҲЛИ СУХАН

Самарқанди азимушшаън аз қадим барои аҳли эҷод майдони фарохи сухангустарӣ буду ҳамин тавр хоҳад монд.
Аз устод Рӯдакӣ то Ҳабиб Юсуфӣ ҳама дар ҳамин муҳити пурҷӯши суханварӣ ба камол расида, сазовори эҳтирому эътирофи умум гаштаанд.

Дар ҷодаи рӯзноманигорӣ низ Самарқанд ситораи тобони фазои иттилооти кишвар ва Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Соли ҷорӣ барои рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд", ки минбари маҳбуби розу ниёзи тоҷикону тоҷикзабонони "Сайқали рӯи замин" ва мамолики дуру наздик аст, ҳамчун соли тантанаҳои сисолагии таъсисёбиаш васеъ истиқбол гирифта шуд.
Бо раҳнамоии сармуҳаррири имрӯзаи газета, ҷавонмарди хушназар ва ташаббускор Баҳодури Раҳмон солҳои охир силсилаи китобҳои хонданибоб оиди таъсису ташаккул, афту дарафт, бурду бохту пирӯзиҳои ҷарида ба чоп расид, ки шоёни арзёбист.
Ба қавле, таърихи "Овози Самарқанд" аз нав зинда шуд, ба забон омад.
"Овози Самарқанд": дирӯз ва имрӯз" (соли 2020, Тошканд. Нашриёти VNESHINVESTPROM) аз ҷумлаи маҷмӯаҳои тозанашри таҳририят аст, ки бо гирд овардани силсиламақолаҳо, ёддоштҳо, фотосуратҳо, дурудҳо ва падрудҳои кормандон, хайрхоҳон, муаллифону мухбирони фаъол, шоирону меҳмонони "Овози Самарқанд" ғановати маънавӣ пайдо кардааст.
Китобро варақ мезанеду чеҳраҳои ошно, дӯсту ёрони ҳамқалам, ҳамдардро мебинед. Хотираҳо, воқеаҳои хушу нохуш як-як ба ҷилва меоянд.
Маросими тақдимоти китоб, дар арафаи Иди матбуот ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ тавассути барномаи интернетии ZOOM баргузор гардид, солҳои тӯлонӣ аз ёдҳои хозирон фаромӯш нахоҳад шуд. Тадбирро раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои "Зарафшон" ва "Самаркандский вестник" Фармон Тошев сарварӣ намуд.
Қаҳрамони Ӯзбекистон, ҷонишини сарвари Садорати дастгирии маҳалла ва оилаҳои вилоят Ҳасан Нормуродов дар бораи фаъолияти таҳририят ва китоби тозанашр ҳарф зад. Ба як гурӯҳ мухбирони фаъоли ҷамоатӣ ташаккурнома ва тӯҳфаҳо супорида шуд.
Чунин корҳои хайри маънавию маърифатии рӯзноманигорон намунаи ибрат аст. Хеле бамаврид аст, ин ҷо як-ду мулоҳизаи худро баён намоем. Бисёр ташкилоту муассиса, корхонаву маҳалла, идораҳои давлативу маъмурӣ, марказҳои фарҳангиву динӣ, хоҷагиҳои фермерӣ, субъектҳои тадбиркорӣ солҳои дуру дароз фаъолият нишон медиҳанд, ҷамоаҳои меҳнатӣ баҳри пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ таҳти роҳбарии шахсони боиқтидор, закиву хушфазилат заҳмат мекашанд, аммо...
Масалан, на ҳамаи маҳаллаҳо китоби таърихии худро доранд. Дар ин бобат бо рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ низ ҳамкорӣ кардан мумкин аст.
Шубҳае нест, ки дирӯзу фардоро мо, имрӯзиён, ба ҳам пайваста, анъанаҳои хубу марғуб, фидоиёни соҳаҳоро ба мардум бо шаклу мазмунҳои тоза муаррифӣ карда метавонем.

МЕҲРАНГЕЗ


Дата добавления: 25/06/2020 19:18;   Просмотров: 606
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку