Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАСТОВАРДҲОИ ГУЛБОҒИЁН

Мувофиқи қарори муштараки Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Шӯрои Ҷумҳуриятии мувофиқгардонии фаъолияти органҳои худидоранамоии шаҳрвандон дар мактаби санъат ва мусиқии бачагонаи рақами 3-и шаҳри Самарқанд байни раисони маҳаллаҳо озмуни вилоятии шеърхонӣ баргузор гардид. Он таҳти шиори "Дили шайдои шеърият асло кам намешавад" гузаронида шуд.
Хурсандибахш аст, ки дар озмун раиси маҳаллаи "Гулбоғ"-и ноҳия Озодҷон Хидиров ҷойи дуюмро ишғол кард.

- Дар озмуни ноҳиявии шеърдонӣ сарвари маҳаллаи "Гулбоғ" Озодҷон Хидиров ҷойи аввалро гирифта, соҳиби диплом ва роҳхати иштирокро дар озмуни вилоятӣ гирифт. Вақте ки номи Озодҷон дар сайти овоздиҳии иштирокчиёни озмун сабт шуд, аз саросари вилоятамон ба ӯ 75 фоиз овоз доданд. Мо умед доштем, ки ӯ ғолибиятро ба даст меорад. Ба ҳар ҳол натиҷа бад нашуд. Агар раисаи маҳаллаи "Узунсой"-и ноҳияи Ургут Раъно Саидмуродова ҷои аввалро гирифта бошад, Озодҷон Хидиров сазовори ҷои ифтихории дуюм шуд. Вақте ки ӯ ба саҳнаи вилоятӣ баромада, ба саволҳои шарти якум ҷавоб гуфт, ҳакамон 47 хол гузоштанд, ки бали баландтарин буд. Дар қисими ифоданок хондани шеър Озодҷон ғазали ширу шакари Абдураҳмони Ҷомиро қироат карда, ба толор шукӯҳи тоза бахшид. Ҳозирон ҳатто аз ҷой хеста кафкӯбӣ намуданд. Барҳақ, шеър басо гӯшнавоз ва ливобардори дӯстии халқҳо буд.
Аз чӣ бошад, ки маҳз дар ҳамин шарти ба ҳама манзурафтода ҳакамон ба Озодҷон Хидиров нисбат ба рақиби ӯ як хол кам баҳогузорӣ карданд. Яъне холи умумии Озодҷон 93 балро ташкил намуду вакили ургутӣ 94 бал гирифт... Озодҷонро бо дастоварди ҳақиқӣ табрик мегӯем, - иброз дошт ҷонишини раиси Шӯрои ноҳиявии мувофиқгардонии фаъолияти органҳои худидоранамоии шаҳрвандон Дилором Асадова.
- Имсол барои маҳаллаи мо соли муваффақиятҳо шуд, - гуфт сокини маҳаллаи "Гулбоғ", собиқадори маорифи халқ Олима Аҳмадҷонова. - Раиси нав Озодҷон Хидиров корро аз ободсозӣ ва гузоштани курсиҳои нав дар қабристони Хоҷа Абдуи Берун оғоз кард. Фарзанду набераҳоямон дар мактаби рақами 17 таҳсил мегиранд. Ҳангоми аз роҳ гузаштан душворӣ мекашиданд. Бо ҳамкории раиси маҳаллаи "Сулфакабудак" Аброр Темуров чорроҳаи мактаб мумфарш гардид ва чароғаки раҳнамо (светофор) гузошта шуд. Ҳоло хотирамон ҷамъ, ки бачаҳо бо роҳи бечангу гард ба мактаб равуо мекунанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки дуо беҳтар аз тиллост. Озодҷон Хидиров ҳамеша аз ҳоли пиронсолон хабар гирифта, ба дармондагон кӯмак мерасонад. Дуои халқ аст, ки муваффақиятҳо насибаш мегардад.
Чанде пеш байни футболбозони маҳаллаҳои ноҳия мусобиқаи футбол гузаронида шуд. Футболбозони гулбоғӣ дар ноҳия соҳиби ҷои саввум гардиданд.
Чунон, ки мудири шӯъбаи спорти ҳокимияти ноҳия Азимҷон Муҳиддинзода иброз дошт, футболбозони навраси маҳаллаи "Гулбоғ" бо маҳорати баланд бозиданд. Ҳангоми лаҳзаҳои риққатовар низ маданияти тарбияи ҷисмониро намоиш доданд. Дар ин ҷода хидмати раиси маҳалла Озодҷон Хидиров, раиси комиссияи кор бо ноболиғони маҳалла Аъзам Нормуҳаммадов, сарвари гузар Ҷаҳонгир Исрофилов, собиқадорони меҳнат, нурониён Рӯзимурод Шокиров, Болтақул Турсунов ва Орзуқул Мансуров калон аст. Ҳоло аз дастаи футболбозони гулбоғӣ натиҷаҳои баландтаринро умедворем.
- Ҳангоми интихоботи раиси маҳалла фаъолону сокинони "Гулбоғ" қавл дода буданд, ки дар ҳама кор дастгирӣ менамоянд, - гуфт раиси маҳалла Озодҷон Хидиров. - Дар ҷое, ки аҳлӣ аст, кор саҳл менамояд. Саъдии бузург низ мегӯяд:
Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.
Ин муваффақияти ҳамаи сокинони маҳалла аст. Бахусус, Мизроб Ҳамроқулов, Самандар Собиров, Мироншоҳ Ҳамидов, Заршед Боронов, Шоҳрух Мардонов, Беҳзод Орифов, Санҷар Рӯзимуродов, Ҷавоҳир Ҳамроқулов ва дигар футболбозбачаҳо барои ғалаба саҳмгузорӣ намуданд.
Ҳоло дар қисми болоии маҳалла бо ташкил ва ташаббускории Шербой Маллаев, Раҷаббой Бердиев, Тӯрақул Маллаев, Саттор Солеев ва ҳимояи модии Расулбердӣ Қодирбердиев, Фурқатҷон Раҷабов ва даҳҳо саховатмандони дигар маркази маънавият ва маърифат обод мешавад.
Ин тӯёнаи ночизест барои иди аз ҳама азиз ва аз ҳама бузург - 28-умин солгарди истиқлолияти ватанамон.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 16/08/2019 14:14;   Просмотров: 772
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку