Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАРДИ ЯТИМ - ё мо инсонҳо чаро ин қадар сангдилем?

Як рӯзи муқаррарӣ буду таппиши қалби рӯзгор чун пештара якмаром. Ҳама чиз хуб ба назар мерасиду ҳама кас хушнуд аз рӯзгор. Аммо вақте манзараи дилрешкунандаеро аз ҳаёти доштаи тифли ятиме дидам, бори дигар дарк кардам, ки дар ҳаёт ҳама чиз хуб несту ҳама кас хушнуд на.

Тифле, ки бо иштибоҳи волидони хеш ятим мондаасту дур аз меҳру муҳаббати волидон дар кулбаи бобокалону бибикалонаш ҳаёт ба сар мебарад, ҳангоме ки падараш ба дидорбинии ӯ омада буд, гӯё кулли дороии дунёро соҳиб гардида буду хушҳолияш ҳадду канор надошт. Ҳар замон падари дер - дер хабаргирашро, ки дар ду-се моҳ маротибае ба дидорбинии ӯ меомаду он ҳам бошад фақат чанд дақиқае давом меёфт, сахт ба оғӯш мегирифту аз рӯзгори чанд моҳи охир доштааш бо лаҳни ширини кӯдакӣ қисса мекард ва аз дурии оғӯши гарми падар шиква менамуд. Падар дар посухи ҳама пурсишҳои тифли хеш бо чашмони боронӣ танҳо ба нуқтае дида медӯхт ва ҳарфи хубе ба забонаш намеомад, то муҷиби ба ин рӯз гирифтор шудани фарзандашро ифода кунад. Чун сабабгори ба чунин ҳол расидани тифлаш кӯтоҳандешию ба душвориҳои ҳаёт бархӯрд карда натавонистани ӯву ҳамсараш буд, ки бо рӯ ба рӯ шудан, бо андак мушкилӣ лонаи хушбахтии худро хароб намуданду ин тифли маъсумро ба бедавотарин дард - дурӣ аз волидон гирифтор сохтанд. Ҳангоми хайрбод тифли муштоқи муҳаббату навозиш ва меҳрубониҳои волидон намехост аз оғӯши падар поён шавад. Ӯ бо дастони хурдакаки худ падарашро сахт медошт, то дигар аз наздаш наравад. Аммо зӯри дастони нозукаш нарасиду падар ӯро аз бағалаш раҳо намуду бо ӯ хайрбод гуфт ва бо вуҷуди "Дадаҷон, наравед!" - гӯиҳою илтиҷоҳояш падар рафт ва ӯву ғамҳои ятимияш боз танҳо монданд.
Тифли маъсум пас аз рафтани падар чеҳраи хушҳолашро, ки фақат чанд дақиқае гӯё барои кироя гирифта буд, аз даст доду боз андуҳгинии беохире ҳаёташро фаро гирифт. Чашмонаш боронӣ шуданду донаҳои ашк ба бари рухсораш шориданд. Ӯ таҳаммули ин дардро надошту дар ҷояш нишаст ва чун гиря баландтарин нуқтаи эътироз аст, сарашро ба зонувони оғӯшкардааш ниҳоду бесадо гирист...
Муҷиби нигаронист, ки бо айбу ҷурме ва бо иштибоҳу бетадбирии баъзеҳо, дар ҳаёт нафарони зиёде хандаи самимиашонро, хушҳолии аслиашонро, муҳити гармашонро аз даст додаанду хушбахтиву хушҳолӣ барояшон ҳамеша чун муаммо боқӣ мемонад. Аз ҳам пошидани оилаҳою ятим мондани фарзандон мушкилест, ки ҳамеша роҳи ҳал мехоҳад. Кӯдакон низ ба муҳити гарми оилавӣ, оғӯши падару модар ва муҳимтар аз ҳама ба ҳаёти бидуни дарди ятимӣ ҳақ доранд.
Мо инсонҳо баъзан вақт чӣ қадар бераҳмему аз баҳри нодиртарин неъматҳои доштаамон мегузарем, на ба хотири он ки ниёз ба онҳо надорем, на, балки барои он ки мушкилеро бартараф созем. Мо инсонҳо баъзан вақт чӣ қадар бешафқатем, ки нури чашму ширинии ҳаётамонро бо сабаби нофаҳмие тарк мекунем, на муваққатӣ, балки барои ҳамешагӣ. Мо инсонҳо баъзан вақт чӣ қадар дилсахтем, ки ҷои ҳомии меваи ширини ҳаёти хеш будан, дар чорроҳаи ҳаёт таркашон мекунему ба ҳолашон мегузорем. Мо инсонҳо баъзан вақт чӣ қадар сангдилем, ки муҷиби хушбахтии хешро аз гармтарин муҳити ҳаёт - оила маҳрум месозему барояшон дунёи берангеро тақдим мекунем. Ва мо инсонҳо баъзан вақт чӣ қадар ноинсофем, ки давоми умру такягоҳи замони пирии хешро бо иллати кӯчаку бетадбирии худ бесарпаноҳ мегузорему барояшон олами дарду ғамро инъом месозем, ки асло нобахшиданист.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, "Ҷавонони Тоҷикистон",
№28. аз 15.07.2021


Дата добавления: 11/08/2021 11:10;   Просмотров: 466
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку