Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАР СӮҲБАТИ ҚАНОАТИ САҲНАЗЕБ

Авҷи овоз, идоранамоии садопардаи гулӯ, масъулияти саҳнаороӣ, тарзи либоспӯшӣ ва дигар ҳама қонуниятҳои нонавиштаи сабки мақомхонӣ, ки ҳофизи халқии собиқ ИҶШС, ҳунарманди шинохтатарини Шарқ Барно Исҳоқова дошт, овозхони ансамбли машҳури "Шашмақом"-и ноҳия, дорандаи Ифтихорномаи ҳукумати Ҷумҳурият Қаноат Оқилова низ амал мекард.

Соли 1958 дар деҳаи Хоҷа Аҳрор филми "Мафтунат ман" ("Мафтунинг ман") ба навор бардошта шуд. Он вақт Қаноат Оқилова хонандаи синфи 2 буд. Ӯ ба ҳунари ҳунарпешаи кино ва театр, Артисти халқии Ӯзбекистон Клара Ҷалилова маҳлиё гашт. Ва дар дили кӯчаку беғубораш меҳри санъат ҷо гирифт. Хонаашон, ки дар шафати мақбараи Хоҷа Аҳрори Валӣ ҷой гирифта буд, ӯ ҳар бегоҳ наворбардории киноро тамошо мекард. Баробари қаҳрамонони филм суруд мехонд.
Овози ширадору форам ва истеъдодашро ба инобат гирифта, Қаноатро дар маҳфили Хонаи пионерон қабул карданд. Соли 1962 иштирок дар озмуни "Истеъдодҳои нав" барояш дари муваффақиятҳоро боз намуд. Ӯ дар озмун суруди "Сӯзании шоҳӣ"-и Ҳофизи халқии Ӯзбекистон Комуна Исмоиловаро иҷро намуда, ғолиб шуд. Пас аз ин Қаноат пайваста ғолиби озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриятӣ гардид. Ба киштзорҳо рафта, бо сурудҳои дилнишини худ кайфияти боғбону деҳқононро болида месохт.
Соли 1965 дар озмуни сурудхонон, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, ғолиб омад. Директори филармонияи Тошканд Юнус Раҷабӣ, Ҷумъаев ва сардорони телестудияи Тошканд хоҳиш намуданд, ки ба пойтахт монад. Барояш имконияти зист ва эҷод фароҳам меоранд. Аммо Қаноатро котиби сеюми комитети вилоят Музаффара Ҳасанова наздаш даъват намуд. Дар ҳуҷраи кории котиб ӯро директори театри опера ва балет Мухтор Ашрафӣ ва ҷонишини директор Шариф Акрамов пешвоз гирифтанд.
- Хоки Самарқанд муқаддас аст, - гуфт Мухтор Ашрафӣ. - Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов барин инсонҳои бузург дар ҳамин сарзамин ба камол расидаанд. Самарқандро тарк карданатон хуб нест. Шумо барин соҳибистеъдодҳо ба худамон ҳам лозим.
- Ниҳол дар як ҷо месабзад, - сухани ӯро тақвият дод Шариф Акрамов. - Руҳи поки Хоҷа Аҳрори Валӣ мадагори шумост. Дар ҳамин ҷо ҳама шароит ҳаст. Илтимос, барои зодгоҳи худ хизмат кунед.
Қаноат хоҳиши онҳоро рад накард. Дар Самарқанд эҷодашро давом дод. Аз соли 1966 то дами нафақа дар театри опера ва балети Самарқанд ҳамчун сурудхони якка фаъолият дошт. Сипас, роҳбари гурӯҳи мақомхонони Хонаи маданияти рақами 2-и ноҳияи Сиёб гардид. Шогирдони зиёдро тарбия намуд.
* * *
Ҳамроҳи роҳбари шӯъбаи маданияти ноҳия ва корманди хонаи маданият, ҳофизи хушхон Маҳмудҷон Очилов ба аёдати Қаноат Оқилова рафтем. Моро дар дами дарвоза наберааш пешвоз гирифта, дари хонаро кӯфт:
- Она, берун бароед, шуморо мепурсанд...
- Ҳозир! - шунида шуд аз дарун.
Духтарак аз пайи кори худ рафт. Азбаски ҳаво гарм буд, мо ба пешгаҳи ҳавлӣ гузашта, яке аз харакҳоро ҷои соя - таги воиш гузоштем.
- Қаноатойтӣ овози хуш доранд, - гуфт Маъмурҷон Очилов. - Мо якҷоя суруди "Отмагай тонг"-ро сароида будем. Суруд аз қалби мардум ҷой гирифт, ки чанд муддат зери ҳазлу шӯхии дӯстон мондам.
Дари хона кушода шуду кампири қоматхамидае дар як даст сатил дар дасти дигар асо берун баромад. Дар назар гӯё ӯ ба замин таъзим менамуд. Гумон мекардед, ки ҳоли ҳозир сараш ба замин мерасад. Ӯ бо оҳистагӣ қадам гузошта, сатилро лаби суфа монд ва назди мо омад. Барои нишастанаш ёрӣ расонидем. Ӯ баъди салому алейк ва аҳволпурсӣ, айёми ҷавониашро ёдовар шуд. Беихтиёр об аз чашмонаш шориданд.
- Ман баъди бемории инсулт ба чунин аҳвол афтодам, - гуфт Қаноат Оқилова ашки чашмонашро бо нӯги руймолчаи сараш пок карда. - Ҳоло 72-сола бошам ҳам, қоматам хамидааст. Замоне ҳама ошиқу шайдоям буданд. Устодам Бақо Камолов сабаб шуданду бо доирабадаст Эргашакаатон оила сохтам. Соҳиби чаҳор нафар фарзанд, 11 нафар набера шудем.
- Дард меҳмон, Худо хоҳад сиҳат мешавед, боз суруд мехонед, - гуфтем мо.
- Шумо ба назарам гарм менамоед, - ба Хурсанд Ғозиева рӯй овард ӯ.
- Ман Хурсанд!
- Ман ҳам хурсанд. Раҳмат ба шумо, ки маро ба хотир овардед...
- Истед, - боз ба Хурсанд Ғозиева рӯй овард Қаноат Оқилова. - Аз хонаи маданият ман гуфтед-а?! Писаронам Илҳом, Икром ва набераам Ислом роҳи санъатро интихоб кардаанд. Аз шумо илтимос, Исломҷонро дастгирӣ кунетон, дар ӯ ҷавонии худро мебинам...
Қаноат Оқилова аз писараш хоҳиш намуд, ки албоми суратҳоро биёрад. Ӯ як-як суратҳоро ба мо нишон дода, дафтари хотираашро варақ мезад.
Қаноате, ки рӯзгоре зебодухтаре, қавипайкаре, баландсадое буд ва сеҳри санъаташ ҳаводорони "Шашмақом"-ро волаву афсун мекард, аз айёми навҷавонӣ ба қуллаи муроди зиндагӣ расидааст. Бори рӯзгор, доду нододҳои зиндагӣ, афту дарафти ҳаёт пири саҳнаро ба кампираки хонашин табдил додааст. Ҳоло ӯ ба ҷои микрофону тор асо ба даст гирифта, хамидақоматона, рӯи ҳавлӣ гашту гузор дорад. Ӯ, ки умре дар хизмати рӯзҳои неки мардум буд, имрӯз низ мехоҳад хонадонашро обод созад. Дар хидмати фарзанду наберагонаш бошад. Бо вуҷуди пириву камқувватӣ бо ҷӯши дил бо сатил об мекашонаду бо ҷорӯб гарди ҳавлӣ мерӯбад. Гӯиё захми дилашро низ бо об мешӯяду бо ҷӯроб пок месозад.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 26/07/2019 16:28;   Просмотров: 768
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку