Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАР МАХЗАНЕ ВО ШУД...

Бо мақсади таъмини иҷрои қарор ва як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев оиди баланд бардоштани сатҳи маънавияти ҷавонон, тарғиби мутолиаи китоб байни аҳолӣ дар кӯчаи ба номи Усмон Юсуфов филиали маҷмӯаи маънавию маърифатии "Олами китоби Самарқанд" фаъолият оғоз намуд.

Дар маросими кушоиши китобхона ҷонишини ҳокими ноҳия Азамат Ҳалимов, сармуҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонги", шоир Нормурод Каримзода, директори маҷмӯаи маънавию маърифатии "Олами китоби Самарқанд" Хуршед Нуруллоев ва дигарон дар бораи аҳамияти китоб, саҳми он баҳри ривоҷи тафаккур, васеънамоии ҷаҳонбинии насли наврас сухан карданд.
- Аввалин шуда дар ноҳияи Самарқанд филиали "Олами китоби Самарқанд"-ро таъсис намудем, - гуфт муассиси китобхона Акбар Маҳмудов. - Дар оянда ният дорем, ки дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ филиали китобхонаро ташкил намоем.
Тадбирро сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов сарварӣ намуд.

Мухбири худамон


Последнее редактирование: 09/08/2019 12:13;   Просмотров: 801
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку