Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАР ГИРДИ АРЧА

Дар ташкилоти таълими томактабии рақами 21-и маҳаллаи Чаман ҷашни солинавии ба худ хос баргузор гардид. Таълимгирандагони гурӯҳи болоӣ бо роҳбарии тарбиячӣ Азиза Холбоева барномаи идона омода намуданд. Дар тадбир тарбиягарон низ ҳозир буданд.

Пас аз танинандоз гардидани мадҳияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон мудираи боғчаи бачагона Дурдона Бақоева ҳозиронро бо Соли нав табрик намуд. Пас хонандагон ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шеъру тарона хонданд. Барои намоиши маҳорату дониши онҳо саволу ҷавоб гузаронида шуд. Аз рӯйи афсонаи халқии "Рӯбоҳ ва Лаклак" намоиши саҳнавӣ пешкаш гардид. Духтаракони гурӯҳ рақси "Лазги"-ро бо маҳорати баланд иҷро карданд.
Барои пурмазмун ва хотирмон гузаштани тадбир омӯзгорони фанни англисӣ Адҳам Зиёдуллоев ва мусиқӣ Фарида Эргашева саҳми муносиб гузоштанд.

Раҳматилло ШАРИФЗОДА


Последнее редактирование: 06/01/2020 13:56;   Просмотров: 755
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку