Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БО ЁДИ БАЧАГӢ ДАР НАЗДИ БАЧАГОН

Бо сабаби карантин таътили мактаббача ва тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо хеле тӯл мекашад. Оне, ки бо касби муаллимӣ ё худ мураббиягӣ шуғл меварзад, бе муҳити бачагон рӯзгори худро тасаввур карда наметавонад.

Депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоятии аз ҷониби ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" пешбаригаштаи ҳавзаи интихоботии Даштак-48, сарвари ташкилоти тарбияи томактабии рақами 25-и ноҳия Санобар Мирсаидова бо ҳамкорони худ, мураббияҳои пуртаҷриба Сабрина Раҳимова, Саломат Норбоева, Дилшода Болтаева, Шаҳноза Ғозиева, Дилноза Исломова, Парвина Баҳромова ва дигарон барои самарабахш гузаштани таътили карантинии шогирдон аз тариқи онлайн истифода мебаранд. Рӯзе нест, ки бо панҷ-шаш нафар тарбиятгиранда дар алоқа набошанд.
Дар рӯзи байналхалқии муҳофизати бачагон - якуми июн бошад, депутат Санобар Мирсаидова бо роҳбаладии роҳбари гурӯҳи тарғиботии ноҳия, бонуи маърифатпарвар Сарвинисо Нарзуллоева меҳмони фарзандони оилаҳои камбизоати маҳаллаҳои Ангаралмос ва Қумзор гардида, бо худ тӯҳфаҳои хотирмон бурданд. Барои бачагон лаҳзаҳои гуворои ҳаёти худро нақл намуда, дили пурҷӯшу ташнаи илми насли наврасро сӯи кӯдакистону мактабхона гармтар карданд.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 03/06/2020 17:56;   Просмотров: 606
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку