Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АЗ КӮҲИ БАЛАНД ДАР ШАҲРИ АЗИМ

Фалак аз дасти нодонон ҷафо диду ҷафо бинад,
Зи мардони шарафмандаш вафо диду вафо бинад

Шеъри шоир инъикосгари ҳолати рӯҳонии ӯст. Мисраъ ба мисраъ байт ба байт шоир ҳиссиёти олии худро ба тори назм мекашад. Баробари хондани ашъори шоир шефтаи ҳақиқии каломи ноб аз хислату аз фитрати муаллифи он огоҳ мешавад. Байти болоӣ аз шоири ҳассосу покниҳод, ҷавонмарди асиле, ки чун инсони ҳақиқӣ барои дӯстони худ некиҳо мекунад, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, рӯзноманигори пуртаҷриба Асадуллоҳи Исмоилзода (Шукуров) аст. Бо ӯ зиёда аз бист сол боз дӯстӣ дорем. Дӯстии мо ба бародариву додарӣ, равуои хонаводагӣ табдил ёфтааст. Дар рӯзҳои неку бади ҳаёт ҳампаҳлӯи якдигарем. Хизматҳои Асадулло Исмоилзода барои адабиёту матбуоти тоҷики Ӯзбекистон хеле зиёд аст ва ҳар як вазифаи бардӯшдоштаи худро ӯ чун қарзи инсонӣ ва ҷавонмардӣ адо менамояд. Ӯ ба ҳар як кор бо масъулияти ба худ хос менигарад. Асадулло Исмоилзода масъулиятшиносона мактаби миёнаи зодгоҳаш - деҳаи чорбоғи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхандарёро хондааст. Бобояш Муллошукур ва фарзандони некноми ӯ аз ҷумлаи Бобоисмоилу Муҳаммадҷонро мардуми атроф чун бузургмардони рӯшанфикру хушгил эътироф менамоянд. Аз ин сулола даҳҳо нафар ситорагони рахшони соҳаҳои гуногун ба камол расидаанд. Ҳисси Ватанхоҳӣ ва ободгарӣ Асадуллоҳро ду сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди шӯравӣ обу тоб дод. Вақте дар қитъаи дури Русия буд, модараш бибии Ҳанифа аз олам даргузашт. Чун ба хонааш омад, падари зиндаёдаш Бобоисмоили сарҳисобчӣ гуфт, ки ту бояд касби маро давом диҳӣ. Асадуллоҳ бошад, бо ризоияти падар пешаи омӯзгориро касб намуд. Зеро ҳанӯз дар ҳабдаҳсолагӣ дар мактабхонаҳои кӯҳистони баланди Нилуву Хуфар ва Кенгузар муаллимӣ карда буд. Барои такмили ихтисос ва маълумоти олӣ гирифтан донишҷӯи факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гардид. Бо матбуоти даврӣ ошноӣ пайдо карда, мақолаву лавҳаҳо менавишт. Пас аз ба ватан баргаштан низ дар рӯзномаи ноҳиявии "Ҳақиқати Сариосиё" муҳаррири саҳифаи тоҷикӣ буд. Осиёи қисмат ва вазъи сиҳатмандӣ ӯро ба воситаи кӯҳҳои баланди Бойсуну Деҳқонобод ба шаҳри азими Самарқанд овард. Ин ҷо нахуст муҳаррири гуфторҳои тоҷикии телекомпанияи СТВ буд. Сонӣ, бо салоҳдиди сармуҳаррири рӯзномаи "Овози Самарқанд", шодравон Ғафурҷон Маҳмудов ҷонишини сармуҳаррир таъин гардид. Барои боло рафтани салоҳияти рӯзнома ва сарҷамъии адибони хурду бузурги Самарқанд ҳиссаи босазое гузошт. Муҳаррири рӯзномаи "Булбулча-доно" буд. Сабабгори нашри садҳо адад китоб гардид. Чанде вазифаи мудирии шӯъбаи рӯзномаи шаҳрии "Самарқанд", сармуҳаррири журнали "Маҳорат", мудири шӯъбаи тоҷикии Маркази таълими Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, муҳаррири чанд нашриётҳои пойтахт, умуман, вазифаҳое, ки Асадулло иҷро намуд, ҳама саросар заҳматкашона, бо дили соф барои ғанигардонии адибону китобҳои тоҷикӣ буду ҳаст. Худ низ муаллифи китобҳои шеъриву насрист. Мутарҷими бомаҳорат низ мешиносандаш. Ифтихори мо аз он аст, ки фарзанди ифтихории Самарқанд, ки барои ин шаҳри азим "Самарқанднома" офарид, зиёдтар аз як фарзанд хидмати фарҳангӣ кард, бародари мо Асадуллоҳи Исмоилзода 50-сола шуд.
Асадуллоҳ барои ноҳияи Самарқанд низ ошност. Қариб дар ҳама маҳали ноҳия чун ровии ширинсухан тӯйгузаронӣ намудааст. Дар мактабҳо анҷумани шеър гузаронидааст. Боз аъзои фаъоли маҳфили ирфонии "Ҳафт додарони ҷонӣ" мебошад. Мо устод Асадуллоҳро бо ҷашни нимасра самимона муборакбод намуда, барояш тамоми хушиҳои зиндагиро орзу дорем.

Озод ҲАМИДЗОДА
Дар акс соҳибҷашн
Асадулло Исмоилзода бо муаллиф дар хона-музейи устод Садриддин Айнӣ


Последнее редактирование: 05/06/2020 12:09;   Просмотров: 740
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку