Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲАҚҚИ НОНУ НАМАК

Бо чунин унвон китоби навбатии олим Санъат Муҳаммадиев тавассути нашриёти "Noshirlik yog'dusi" рӯйи чопро дид.

Олими пурмаҳсул, устоди пуртаҷриба, инсони комил Санъат Абдуллоевич Муҳаммадиев 27-уми июни соли 1940 дар гузари Орифҷонбой (маҳаллаи Осим Исматӣ)-и шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми донишгоҳ меҳр ба илм гузошта, таҷрибаомӯзӣ, аспирантура, докторантураро дар шаҳри Москва, дар лабораторияи гелминтологии ФУ собиқ СССР гузаштааст. Директори лаборатория, олими машҳури ҷаҳон академик Константин Иванович Скрябин буд. Санъат Муҳаммадиев соҳиби дараҷаҳои илмии доктори улуми биологӣ (1986), профессор (1989), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурияти Тоҷикистон (1991), академики Академияи Турон (2016) мебошад.
Устод ҳоло дар нафақа буда, бо навиштани китобҳои илмӣ ва хотиравӣ машғул аст.
Китоби тозанашри "Ҳаққи нону намак ё худ ҳиссае аз қиссае аз рӯзгори олими илми покӣ устод Санъат Абдуллоевич Муҳаммадиев"-и Санъат Муҳаммадиев шакли мукаммали "Ман аз Сайқали рӯи замин" буда, ҳисси ифтихор аз Ватан-модар, арҷгузориро ба аҷдодони худ ғунҷоиш додааст.
Табиат модари одамизод аст. Вай ҳам табиби хирадманд, ҳам рассоми нозуки хаёл ва ҳам ҳокими қатъӣ мебошад. Табиат моро мехӯронад, мепӯшонад, баробари ҳамин аҳамияти истеҳсолӣ, тандурустӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва эстетикӣ дорад. Табиат манбаи энергетика ва ашёи сохтмон аст.
Муҳофизати табиат, дуруст истифода бурдан ва аз нав барқарор кардани боигариҳои он вазифаи ҳар як роҳбар, олим, коргар, деҳқон, доншҷӯ, мактабхон, хуллас, вазифаи хурду калони ҷумҳурӣ мебошад. Муваффақияти ин кор ба он вобаста аст, ки бо тамоми роҳҳо, усулҳо, ҳифзи табиати кишвар ба халқ ошкор карда шавад. То даме, ки диққати тамоми аҳолӣ ба муҳофизати табиат ҷалб карда мешавад, ба мақсад расидан ва муваффақият ба даст оврадан амри маҳол аст. Муҳофизати табиат на фақат мутахассисон, балки донишомӯзони мактабҳои умумтаълимӣ ва олӣ низ мебошад. Омӯхтани қонунҳои вобастагии инсон ва табиат яке аз асосҳои муҳофизати табиат аст.
Дар сарзамини мо аз рӯи қонунҳои шариат бо изҳори калимаҳои "убол", "гуноҳ", "ҳаром", "куфр", "савоб", "исроф" миқдори ҳайвонот аз нобудшавӣ, буттаю дарахтон аз решаканшавӣ, об аз ифлосшавӣ эмин мемонданд. Барои ҳамин ҳам мо бояд аз китобҳои муқаддаси "Авесто", "Қуръон" ва ҳадисҳо бохабар шавем.
Табиат бояд саломат бошад, он гоҳ инсоният низ саломат мешавад. Саломатӣ бошад, неъмати бебаҳо барои зиндагонии солим ва меҳнати солим аст.
"Роҳи Бузурги Абрешим", ки аз Шарқ - Чин, аз Ғарб - Румро ба ҳам мепайваст, аз Самарқанд мегузашт, дар тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳимро бозид.
Далелҳои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар саросари ин "роҳи ҳаёт" дарахтзору сабзазорон мавҷуд будаанд. Самарқанд дар маркази ин роҳ ҷойгир буд.
Ин нукта дар китоби "Ҳаққи нону намак"-и Санъат Муҳаммадиев акс ёфтааст. Китоб армуғони олими 80-сола ба хонандагони гиромист.

Н.ДИЛРАБО


Последнее редактирование: 13/09/2019 17:48;   Просмотров: 749
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку