Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЯК БОМУ ДУ ҲАВО

Худованд инсонро аз тамоми мавҷудоти олам донову зирак ва хирадпеша офаридааст. Ба ҳама қариб дар як шакл дасту пову чашму бинӣ додааст, зӯру тавон бахшидааст. Аммо саъю кӯшиш, ғайрату шуҷоат, ҳиммату нияти ҳар кас ҳар хел аст...

Вақте ки кас аз кӯчаҳои деҳу маҳаллаҳои ноҳияаамон гузар мекунад, фарқи соҳибони манзил, дӯкондору тоҷиронро дарк мекунад. Оне, ки андак завқи зиндагӣ, шавқи зебоипарастӣ дорад, аз рӯи имконияташ манзили муродашро, ки аз ҳавои он нафас мекашад, аз пасаш нони ҳалол мехӯрад, обод намудааст, ки ҳаваси кас меояд. Боз ҳастанд гурӯҳе, ки гӯё бо роҳе соҳиби замин шудаанд ва ба қавли худашон ин пораи мулкашонро касе дигар аз эшон кашида намегирифта бошад, ба ҳоли хароб гузоштаанд. Агар гӯед, ки ҳеҷ набошад, хасу хошоки атрофи заминро покиза соз, ақаллан гулу гиёҳе рӯяд, "Истодааст-дия, ҳамин ба кӣ халал расонсас?!" мегӯянд. Наход ободгариҳое, ки атрофро ба гулистон табдил додааст, қоматафрозии дӯкону биноҳое, ки дар қади роҳҳо назаррабоӣ мекунад, гурӯҳеро аз вартаи фориғболӣ, нописандӣ берун оварда натавонад?!
Барои обод намудани атроф танҳо ҳисси ватанхоҳӣ кифоя мекунад.

Д.НАСИМӢ


Дата добавления: 06/11/2020 11:40;   Просмотров: 508
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку