Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХУМОРИ ДИДОРИ МОДАР...

Мардуми маҳаллаи Кӯи Сахо аз пиразани тадбирандешу маслиҳатгар, модаркалони деҳотиён Хуморабибӣ Шокирова абадан ҷудо гашт.

Хумора Шокирова соли 1925 дар оилаи косиби гузари Ашӯрчиркин (ҳоло Роҳат) дида ба дунё кушодааст. Хумора аз синни наврасӣ бо азобҳои даврони худ рӯ ба рӯ омада, зиндагӣ оғоз намудааст. Марги падару модар дар солҳои ҷанг, хати сиёҳи додар - Шарифҷон аз майдони Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ, орзуи илмпарварии ӯро шикаста натавонист. Ӯ нахуст ҳанӯз дар синни дувоздаҳсолагӣ курси ҳамшираи тиббии шафқатро тамом карда, донишҷӯи Донишкадаи тиббии Самарқанд гардид. Имконият даст надод, ки Хумора Шокирова ин донишкадаи бонуфузро то охир хонад. Соли 1942 ин духтараки донишварро ба Тӯрақулмуаллим Шодиев ба занӣ доданд. Модари шавҳараш Саломатбибӣ Ҷӯраеваи афсонагӯ барои боз ҳам такмил додани шароити хондани келинаш кӯмак расонид. Хумора Шодиева худ донишҷӯи Донишкадаи олии муаллимтайёркунӣ буду ба курси саводомӯзӣ низ дарс медод. Ӯ чун муаллими фанни географияву таърих дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 16 ва 17 дарс гуфт. Ҳамаи панҷ нафар фарзандони худ низ аз паи волидайн рафта, маълумоти олӣ гирифтанд. Яке аз онҳо Ҳасан Шодиев доктори фанҳои физика, профессори Донишгоҳи Канада мебошад.
Марг ҳақ аст. Агар инсон ба синни сад ҳам дарояд, рӯзе ҷойгаҳаш қабр хоҳад буд. Қабристон ҳам зиёратгоҳу ҳам намунаи ибрати зиндагон аст. Минбаъд хумори дидори муаллима Хумора Шокирова гирад, фарзанду пайвандон сӯи қабристони Хоҷа Кафшер мераванд.
Бигзор, руҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!

Аҳли маҳаллаи Кӯи Сахои ноҳия


Дата добавления: 02/10/2020 10:51;   Просмотров: 606
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку