Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Осорхонаи маъруф дар зери осмони кушод

Самарқанди афсонавии қадимро бо ёдгориҳои таърихии худ метавон музейи зиндае дар зери осмони кушод номид. Сайёҳони бешуморе, ки аз гӯшаҳои мухталифи дунё ба ин ҷо меҳмон мешаванд, қабл аз ҳама кӯшиш мекунанд, ки пеш аз ҳама симои шарқии ин шаҳри бостониро тамошо намоянд.

Дар қатори ҷойҳои дидании шаҳр мақбараи Амир Темур (Гӯри Мир) аз ҷолибтарин мавзеъҳо ба шумор меравад, ки дар ин ҷо қабри Амир Темур, устоди роҳнамои ӯ Мир Сайид Барака ва чанде аз аъзои оилаи темуриён ҷой дода шудааст. Дар асл таҳти мафҳуми Гӯри Мир қабри Мир Сайид Барака дар назар дошта шудааст. Соли 2014 бо қарори Ассамблеяи Байнипарлумонии мамлакатҳои ИДМ он ба рӯйхати «Дурдонаҳои Ҳамҷавор» дохил карда шудааст. Мақбара соли 1404 бо ташаббуси Амир Темур бунёд гардида, меъмори асосии он зодаи шаҳри Исфаҳони Эрон — Маҳмуди Исфаҳонӣ мебошад.
Мир Сайид Барака аз авлоди пайғамбар Муҳаммад солла-л-­лоҳу алайҳи васаллам буда, соли 1320 дар ҳудуди Афғонистони ҳозира ба дунё омадааст. Ӯ намояндаи таълимоти тасаввуф буда, роҳнамои рӯҳонии Амир Темур маҳсуб мегардад ва ба равияи яссавияи тасаввуф тааллуқ дорад.
Падари ӯ Сайид Амир Ҳусайн писари Сайид Амир Абдуллоҳ ном дошт. Мир Сайид Барака дар зодгоҳи худ вафот кардааст ва пас аз вафоти ӯ соли 1405 бо ташаббуси писари Амир Темур — Шоҳрух ҷасади ӯро ба мақбараи Гӯри Мир ҳамл намуданд. Ӯ аз оғози фаъолияти ҳукмронии Амир Темур то охирин сафари ҳарбиаш ба Чин — соли 1404 пири маънавӣ ба шумор мерафт. Тибқи баъзе сарчашмаҳо, ӯ аслан мағрибӣ буда, пеш аз омадан ба Самарқанд дар Миср зистааст. Сарчашмаҳои дигаре бошад, маълумот медиҳанд, ки аслан аз Макка ё ки Мадина будааст. Пас аз он, ки ба Амир Темур кӯмаки маънавӣ расонид, яке аз маъруфтарин ашхоси Мовароуннаҳру Хуросон гардид.
Амир Темур ба равияи тасаввуфи ислом эътиқод дошт. Айнан Мир Сайид Барака соли 1370, пас аз ба сари қудрат омадан ба ӯ рамзи ҳокимият: даф ва парчамро супурда, барои ояндаи бузурги ӯ дуо намуд. Ҳатто дар сафарҳои калони ҳарбӣ ба ӯ ҳамроҳӣ менамуд. Чунончи, соли 1391 пеш аз муҳориба зидди Тӯхтамиш дуои хайр дода буд.
Дар сафари ҳарбӣ ба Осиёи Хурд Амир Темур ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил гардид. Ӯ соли 1401 ба наберааш Муҳаммад Султон, ки ҳокими Самарқанд таъин гардида буд, мактуб фиристода, ӯро ба назди худ даъват кард ва мехост вилоятҳои шимолӣ-­ғарбии Форсро ҳадя намояд. Муҳаммад Султон ба Осиёи Хурд рафта, дар муҳорибаҳои он ҷо иштирок карда, бо ҷасорати худ соҳибқиронро хушнуд намуд. Баъд аз итмоми ҳаракатҳои ҳарбӣ дар Туркия ӯ бо рухсати бобояш ба ҷониби вилоятҳои ҳадягирифтааш равона гардид. Аммо ба манзил нарасида, Муҳаммад Султон ногаҳон бемор гардида, баҳори соли 1403 дар роҳ вафот кард. Ин ҳодиса Амир Темур ва Мир Сайид Баракаро ба ғуссаи сахт гирифтор намуд. Мотам эълон карда, амр кард, ки тамоми лашкар либоси сиёҳ ва кабуд пӯшад, ҳатто ба асп савор шуданро ҳам манъ кард. Ҷасади шоҳзодаро дар қабристони Ҳайдари авлиёи Султония дафн намуданд. Соҳибқирон ба Самарқанд кас фиристода, амр кард, ки дар назди мадрасаи барои Муҳаммад Султон бунёдгардида мақбарае созанд. Баъд аз он, ки оши соли шоҳзодаро доданд, модараш бо иҷозати соҳибқирон ҷасади шоҳзодаро аз Султония ба Самарқанд овард ва дар мақбараи нав дафн намуданд. Соҳибқирон ба пойтахт баргашт ва қабри набераашро зиёрат намуд, аммо мақбара ӯро қонеъ накард. Соли 1404 фармон дод, ки барои набераи дӯстдоштааш мақбараи бузург бунёд намоянд. Пас аз вафоти Амир Темур соли 1405 мувофиқи васияташ ӯро низ дар ин ҷо дафн намуданд. Ҳамин тавр, дар маҷмӯи мақбараи мазкур имрӯз қабри худи Амир Темур, писарони ӯ Шоҳрух (соли 1447 дар Ҳирот фавтидааст), Мироншоҳ (21-уми апрели соли 1408 дар наздикии Табрез фавтидааст), набераҳояш — Улуғбек (1394–1449) ва Муҳаммад Султон, инчунин, темуриён Абдуллоҳ Мирзо, Абдураҳмон Мирзо ва устоду роҳнамои Темур Мир Сайид Барака ҷой доранд.

Мутобиқи маълумоти муаррихи араб Ибни Арабшоҳ Амир Темур гуфта буд: «Он чӣ, ки ман дар ҳукмронӣ ва забти кишварҳои пурқудрат ноил гардидам, ҳамаи ин ба туфайли дуову хайрхоҳии шайх Шамсиддин ал-­Хаворӣ ва тамоми муваффақиятҳо танҳо аз Сайид Барака мебошанд». Қабри ӯ он тавре ҷойгир карда шудааст, ки қабри Амир Темур ба тарафи пойҳои ӯ рост меояд.
Мақбара дар асоси гунбази ҳаштгӯша барпо гардида, бо сохтор ва шаҳомати худ ҳатто мутахассисони ҳозиразамонро низ ба фикр водор намудааст. Ҳароратро доимо мӯътадил нигоҳ доштани бино, услуби сохти шарқонаи он, бузургии онро тавассути ороишоти бенуқс ифода намудан ҳар касро лол мегузорад. Дохили мақбара бо нақшҳои оби тилло давондашуда зинат дода шудаанд. Нақшҳо бо санъати хаттотӣ оро ёфтаанд.
Дар солҳои истиқлолият ба муносибати 660‑солагии Амир Темур ва 600‑солагии Мирзо Улуғбек дар мақбара корҳои калонҳаҷми таъмирӣ амалӣ гардид.

Ф.ШУКУРЗОДА,
А.ВОҲИДОВ,
дотсенти кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи хориҷии ДДС


Дата добавления: 18/05/2022 11:25;   Просмотров: 455
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку