Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НУРОНИЁН БУНЁДГАРИ БОҒҲОИ МОНДАГОР

Вақте мебинам, ки ҳар маҳалла чорбоғҳои нав бунёд мегардад, ҳазорҳо бех ниҳолакони манзаравиву мевадиҳанда мешинонанд ва дар сари онҳо пирони рӯзгордида қарор доранд, ҳикояти мардумӣ ба ёд мерасад:

Ҷавоне аспсавор аз кӯҳсоре мегузашт. Дид, ки пирамарде дар раҳи оби чашмасор чанд ниҳоли меваноке мешинонад. Аз пирамард пурсид:

  • Бобо, мегӯянд, ки чормағз дертар мева медиҳад. Шумо бошед, ниҳолакҳои онро мешинонед. Аз он кай баҳра мебардошта бошед?

Пирамард ба сухани тамасхуромези ҷавони мусофир хандае карду гуфт:

  • Писарам, дуруст мегӯӣ, ки умри ман ба ҷое расидааст ва хӯрдани меваи ин ниҳолакон барои ман даргумон. Вале ҳо ана он дарахтро мебинӣ?
  • Мебинам, мебинам, ҳамон дарахти пирро мегӯед?
  • Бале. Ана ҳамон дарахт ҳам замоне як ниҳолак будааст. Онро бобоям шинонидаанд. Чормағзи онро то ҳол мехӯрем. Акнун навбати мо, ки барои насли оянда дарахт шинонем. То ки онҳо баҳра бардошта, дар ҳаққамон дуо гӯянд.

Дарҳақиқат, нурониёни ноҳияи мо бо сарварии Саид Мардонов барои сарсабзу хуррам гардонидани замини кишт ва шинонидани ниҳолакҳои умедбахш азм намудаанд. Ҳоло дар назди бинои Идораи нурониёни ноҳия воқеъ дар маҳаллаи Гулобод боғе ташкил мешавад, ки даҳсолаҳои зиёд барои хуррамии диёр ва мусоффоии муҳити атроф хидмат хоҳад кард.

Озод ҲАМИДЗОДА. 


Дата добавления: 05/04/2024 14:26;   Просмотров: 138
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку