Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НАЗАРЕ БА «НАСИМИ ДӮСТӢ»

Ба муносибати 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо номи "Насими дӯстӣ" китоби пурарзишеро омодаи нашр намуд.

Китоб дар бораи таърихи ташаккулу таҳаввули равобити адабиву фарҳангии халқҳои бародар - тоҷику ӯзбек, ки муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ доранд, маълумот медиҳад. Ин ду халқ бо таъсири якдигар адабиёт, санъат ва фарҳанги худро пеш бурда, дар олам машҳур гардидаанд. Онҳо дар рушди адабиёти ҷаҳонӣ нақши устувор гузошта, дустӣ, бародарӣ, сулҳу субот ва инсондӯстиву башардӯстиро то ба имрӯз тараннум намуда истодаанд.
А. Раҳмонзода дар очерки "Паёми дӯстӣ ва равобити адабӣ" таърихи ниҳоят қадим доштани халқҳои тоҷику ӯзбекро таъкид менамояд. Қаробату наздикӣ ва хешу таборӣ ин ду халқро шарики ғаму шодии ҳамдигар намуда, ба пасояндагон, нишонаи некӣ дӯстиву бародариро ба мерос гузоштаанд. Муаллиф таъкид менамояд, ки тоҷикон ба ӯзбекҳо дар бисёр набардҳои сангини таърих ҳамдигарро дастгирӣ карда, паҳлӯ ба паҳлӯ алайҳи ишғолгарону истилогарон мубориза бурдаанд. Фарзандони маърифатпарвари ин ду халқ соҳиби фарҳангу ҳунар гардида, намунаҳои олии хушнависӣ, наққошӣ, мусиқӣ, мусаввирӣ ва осори санъатҳои дастӣ, аз ҷумла, заргарӣ, мисгарӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ ва даҳҳо ҳунари зарифро рушду такомул додаанд. Намунаҳои олии осорро дар заминаҳои санъати мусиқӣ, забону адабиёт, таъриху фалсафа, ҳандасаву риёзиёт, фиқҳу илоҳиёт, тиббу тиббиёт ба мерос гузоштаанд, ки онҳо мероси муштарики ин ду халқӣ бародар мебошад.
Муаллиф дар ин очерк паҳлӯҳои гуногуни дӯстиро тараннум намуда, дар бораи дӯстии адабиву фарҳангии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо асноду далелҳои раднопазир муроҷиат менамояд. Дар бораи рушду нумӯи адабиёти тоҷик ва шароитҳои фароҳамомада барои адибони тоҷики Ӯзбекистон ва китобҳои нашршудаи онҳо маълумоти ҷолиб меорад. Паҳлӯҳои гуногуни эҷоди онҳоро баррасӣ менамояд. Инчунин, дар бораи фаъолияти имрӯзаи рӯзномаҳои "Овози тоҷик", "Овози Самарқанд, "Ховар" ва саҳми онҳо барои рушди адабиёту фарҳанги тоҷикони Ӯзбекистон мисолҳо оварда шудааст. Ҳамзамон дар давраи сиёсати нави дӯстонаи Ӯзбекистон бо мамлакатҳои ҳамсоя робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида ба дӯстии абадӣ тадбил ёфтани муносибатҳоро А. Раҳмонзода дар ин очерки пурмӯҳтавои худ борҳо таъкид кардааст.
Боиси хушҳолист, ки ҳамин очерк бо забони ӯзбекӣ дар тарҷумаи Шоҳқаҳҳор Салимов ва Ӯрунбой Усмон бо номи "Адабий алоқалар ва дӯстлик ришталари" дар қисми дигари китоб ҷой дода шудааст. Ин имкон медиҳад, ки бародарони ӯзбек ҳам дар бораи мазмуни мӯҳтавои очерк маълумот гирифта, аз насими хуши дӯстӣ баҳрабардорӣ намоянд.
Дар боби охири китоб, ки "Чанд сухани дигар боби чеҳраҳои адабӣ ва навгониҳои эҷодӣ" ном дорад, мақолаҳои "Робитаи адабиву фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек", "Садриддин Айнӣ - пули дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек", "Сиддиқии Аҷзӣ ва бедории фикрӣ", "Дар бораи оинаи ҷаҳоннамои миллат - "Бухорои шариф"" , "Боз як навиди тоза дар осмони Самарқанд" ва "Нигоҳи иҷмолӣ ба пажӯҳиши адабиётшиноси тоҷики Ӯзбекистон" ҷой гирифтааст.
Аз он мамнунем, ки ҷаноби сафир дар мақолаи "Боз як навиди тоза дар осмони Самарқанд" дар бораи фаъолияти Маркази милливу фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд ва маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии навтаъсиси "Дурдонаи Шарқ", ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллӣ барои тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Самарқанд рӯи чопро дид, хеле самимона ва муфассал изҳори фикр намудаанд. Барои чунин қадршиносӣ мо ба ҷаноби сафир арзи сипос изҳор менамоем.
Китоби "Насими дӯстӣ", ки барои истифодаи омӯзгорон, донишҷуён, магистрҳо ва муҳаққиқону тарғибгарони адабиёт пешбини шудааст, як риштаи мустаҳкамест барои пайванди халқҳои тоҷику ӯзбек.
Поянда бод дӯстиву тифоқӣ!

Акбар МАҲМУДОВ,
раиси маркази милливу мадании
тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд.


Последнее редактирование: 24/06/2022 12:02;   Просмотров: 350
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку