Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУРОҶИАТ ДАР ЭЪТИБОР

Дар толори Қабулхонаи халқи ноҳия депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов бо интихобкардагон вохӯрда, муаммову дархости онҳоро шунид.

Мардум асосан оиди таъмири роҳ, дер дастрас гардидани баллонҳои газ, ҳолати симчӯбҳои кӯҳна, барои пурра бо об таъмин гардидани аҳолӣ гузоштани насоси нав, сохтмони бинои нави ташкилоти таълими томактабӣ ва ҳалли низоъҳои оилавӣ муроҷиат кард.
- Ташкили чунин вохӯрӣ барои бартарафсозии муаммоҳо ва таъмини ҳаёти фаровони мардум хизмат мекунад, - гуфт сардори кӯчаи маҳаллаи Талибарзуи поён Фармон Рауфов, - Бештари аҳолӣ аз дер омадани баллонҳои газ шикоят намуда, ба маркази маҳалла меояд.
Дар вохӯрӣ мутахассисони соҳа ваъда доданд, ки ин муамморо дар муддати панҷ рӯз ҳал мекунанд.
Инчунин, дар вохӯрӣ роҳбарони ташкилотҳои дахлдор иштирок намуда, ба муроҷиати шаҳрвандон дар якҷоягӣ чора диданд. Аксари муаммоҳо дар ҷояш ҳал гардид. Мутасаддиён вазифадор гардиданд, ки дар давоми муддати муайян муаммоҳоро ҳал намоянд.

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 09/10/2020 12:16;   Просмотров: 536
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку