Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЛИБОСИ МИЛЛӣ — ОИНАИ ФАРҲАНГ

Фестивали «Хон-атлас», ки дар саросари Ӯзбекистон баргузор мегардад, дар маҳалла ва муассисаҳои ноҳияи Самарқанд низ бо тантанаи хоса гузаронида мешавад.

Дар фестивали мазкур дар қатори духтарон, бонувони калонсол низ иштирок карда, эҳтироми худро нисбат арзишҳои миллӣ нишон медиҳанд ва ба насли наврас намунаи ибрат мешаванд. Аз ҷониби ҷавонон намоиши либосҳои атлас, адрас, ки бештари онҳо маҳсули ҳунарашон аст, ба роҳ монда мешавад. Бонувон дар ҷои корӣ бо либоси миллӣ фаъолият доранд.
- Атлас рамзи либосҳои миллии мардуми мо мебошад, — гуфт ҷонишини ҳокими ноҳияи Самарқанд, мудири шӯъбаи оила ва занону духтарон Мадина Баротова. — Рангҳои равшан ва нақшҳои бетакрори он ба кас кайфияти хуш мебахшанд. Ҳоло дар тамоми дунё ба матоҳои миллии мо шавқу ҳавас бештар мешавад.
- Хеле хурсандам, ки дар мамлакатамон чунин фестивал гузаронида мешавад, - гуфт фаъоли маҳаллаи Қайнама Лийла Мамедова. — Ман пӯшидани либосҳои миллиро дӯст медорам. Аз ин рӯ, имрӯз дар тан либоси миллӣ мардумро қабул намудам. Ин гуна чорабиниҳо барои ҷавонони мо аҳамияти калон дорад. Меҳри онҳо нисбати либос ва урфу одатҳои миллӣ бедор мешавад.
Дилрабо НАСИМӢ.


Дата добавления: 10/01/2025 16:50;   Просмотров: 37
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку