Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲУСНИ ЭҲТИРОМ БА ШОИРОНИ БУЗУРГ

Ниҳоят баъди чандин сол муҷассамаи шоири бузурги тоҷик Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва шогирди вафодори ӯ, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишери Навоиро барқарор карданд, ки падидаи хуше барои аҳли фарҳанг аст.

Пас аз таъмири хушсифат ин муҷассамаро дар истироҳатгоҳи марказии навбунёди шаҳраки Гулобод – маркази маъмурии ноҳияи Самарқанд гузоштанд, ки хеле нишотовар аст.

Замони роҳбарии Раҳима Ҳакимова дар ноҳияи Самарқанд, ки аз роҳбарони оқил, дурандеш ва адабпарвар буд, муҷассамаи мазкур маҳз бо ташаббуси ӯ дар маркази ноҳия гузошта шуда буд, аммо пас аз чандин сол бо сабабҳои номаълум ин ҳайкал аз ҷояш ғайб зад ва ҳоло инак, дубора ба маркази ноҳия баргардонда шуд.

Умед мекунем, ки ин истироҳатгоҳ ва пояи ҳайкали шоир ва мутафаккирони бузурги адабиёти халқҳои тоҷику ӯзбек боз ба ҷойи дӯстдоштаи аҳли илму фарҳанг ва ҷавонони мо табдил хоҳад ёфт.

Зоҳир Ҳасанзода


Дата добавления: 08/01/2025 15:51;   Просмотров: 38
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку