Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲАМААШ ДАР ДАСТИ ХУДАТ (Ривоят)

Дар замонҳои қадими қадим дар як деҳаи Хитой донишманде мезист. Ба назди ӯ аз тамоми гӯшаву канорҳо одамон бо бемориву муаммоҳои худ меомаданд. Донишманд ба ҳама ёрӣ мерасонд. Барои ин кораш мардум ӯро дӯст медоштанд ва ҳурмат мекарданд.

Танҳо як одам мегуфт: “Мардум! Шумо ба кӣ сар хам мекунед? Охир вай лӯттӣ ва қаллоб аст!” Ва одамон он шахсро ҳасудхӯр номида, аз болояш механдиданд.
Вале вай рӯзе дар атрофи худ анбӯҳи зиёди одамонро ҷамъ карда, гуфт: “Имрӯз ман ба шумо исбот мекунам, ки ман ҳақам. Ҳозир мо ба назди он фиребгардонишманди шумо меравем. Ман шабпаракеро медорам, вақте ки вай ба назди дараш мебарояд, ман мепурсам: ”Биёб, ки дар дасти ман чист?” Вай ҷавоб медиҳад: “Шабпарак” — чунки аз ду сар ягон нафари шумо ба вай пӯкида мемонед. Он гоҳ ман мепурсам: Зинда ё мурда?”
Агар вай гӯяд, ки “зинда”, ман кафамро мефишорам, агар гӯяд , ки “мурда”, ман шоҳпаракро сар медиҳам. Дар ҳар ду ҳолат ҳам донишманди шумо аҳмақ шуда мемонад!”
Вақте ки онҳо ба назди дари марди хирадманд омаданд ва ӯ ба пешвози онҳо баромад, ҳасуд ба вай саволи худро дод.
-Шабпарак, — ҷавоб дод марди донишманд.
-Зинда ё мурда?
Ва пирамард ришханде зада гуфт:
-Ҳамаш дар дасти худи одам аст!

Тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа


Дата добавления: 22/04/2022 11:03;   Просмотров: 375
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку