Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ФИҒОНИ БАРГИ СӮХТА

Аз ҳавлии Нӯъмонамак дуди ғализе баромада, атрофу акнофро бӯи баде фаро гирифт. Ҳамсоягон аз ин дуди сиёҳ, ки гӯё морвор дили осмонро шикоф мекард, аз таҳлука афтоданд.

- Ҳой, илоҳӣ бахайр бошад, ки аз ҳавлии ҳамсоя дуд мебарояд, - мегуфт яке.
- Мардум, шитобед, хонаи Нӯъмонамак дар гирифт! - садо медод дигаре.
- Эҳ, ин Нӯъмон, боз ҳамон одати пешинаашро кард-дия. - сар ҷунбонда сӯи дуд нигарист Мастонхола ва ба одамони ба тарсафтода гуфт. - Ҳеҷ хел пажар-мажар нашудааст. Ин Нӯъмон хазони рӯи ҳавлиашро месӯзонад.
- Вой, гулӯямро бӯи тундаш гирифт. Келин, либосҳои рӯйи торатонро гиред!
- Бийимулло, ҳоло хушк нашудааст-ку?!
- Бачем, ба дарун ҳам хушк мешавад. Лекин бӯи ин дуд шинад, бо сад шустани дигар намеравад.
Дарҳақиқат, ду дарахти калони чормағз, ки як тарафи ҳавлии Нӯъмонамакро соя меандохт, ҳосили фаровон медод ва барги зиёде ҳам дошт. Нӯъмонамак ҳосилашро мефурӯхту баргашро хушк шудаву хушк нашуда ба коми оташ медод. Шояд ӯ намедонист, ки барги дарахти чинору чормағз заҳри бисёре дорад. Ҳангоми сӯхтан он заҳр атрофро фаро мегирад, ба инсоният зарари бисёр дорад. Ҳатто ҷонзодҳои дигарро озор медиҳад. Решаи дарахтон, гулу гиёҳҳо хушк мешаванд.
Нӯъмонамак ҳамаи инро сонитар фаҳмид. Вақте ки аз хонадонаш дуди ғафсе баромада, ҳамсояҳоро аз сӯхтор огоҳ кард, кадоме аз наздикон ба идораи сӯхторнишонӣ хабар додааст. Мошини махсуси сӯхторнишон омада, ҳолати дудро дида, таъҷилан рӯдаву асбобҳои дигарро васл карда, ба рӯйи хазони ҷамъгардида об заданд. Ҳама сарсон шуд. Ҳамсояҳо ҳаросон чор сӯ метохтанду оташфишонҳои зиреҳпӯш ҷунбуҷӯли зиёд доштанд. Пас аз пахши сӯхтор масъулони соҳа ба гардани Нӯъмонамак ҷаримаи калон андохтанд. Ба гуфти Мастонхола акнун чормағзҳои ҳарду дарахташро фурӯшад ҳам, Нӯъмон он ҷаримаро дода наметавонад.
- Якбора пули чамоқи панҷсоларо гирифтанд, қоил, - мегуфт ӯ.
Дарҳақиқат, мардуми деҳот одатан баргҳои хазонгаштаи дарахтони туту гелос, зардолуву олу, себу шафтолуро барои чорвои худ захира мекунанд. Барги чинору чормағзро, ки чорво истеъмол намекунад, ба ягон хандаки рӯи ҳавлӣ гӯр мекунанд. Баҳорон ҳангоми шудгор агар ба замин резанд, чун пору ё худ доруи кимёвии фосфор ба замин озуқа мебахшад. Дар он сурат ҳам замин фоида мебинаду ҳам деҳқон. Сӯзонидани барг бошад, ҷиноят ба табиат ва хиёнат ба атрофиён аст.

Д.НАСИМОВА


Дата добавления: 02/12/2020 10:40;   Просмотров: 505
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку