Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Дар тарбияи фарзанд муаммо доред?

Психологҳо дар бораи роҳҳои ҳалли мушкилоти тарбияи фарзанд чунин пешниҳодҳоро гуфтаанд:

Фарзандатон дурӯғ мегӯяд? Пас, шумо ӯро зери назорати қатъӣ гирифтаед!
Фарзандатон ба худ бовар намекунад? Шумо ба ӯ илҳом намедиҳед!
Фарзандатон хуб сухан гуфта наметавонад? Шумо бо ӯ ҳамсӯҳбат намешавед!
Фарзандатон дуздӣ мекунад? Шумо ба ӯ тӯҳфаҳо намедиҳед!
Фарзандатон тарсончак аст? Шумо ӯро бисёр ҳимоя мекунед!
Фарзандатон дигаронро эҳтиром намекунад? Шумо овози худро дар назди ӯ паст намекунед!
Фарзандатон шуморо рашк мекунад? Пас, шумо нисбат ба ӯ беэътибор ҳастед!
Фарзандатон заиф аст? Шумо ба ӯ бисёр дӯғу пӯписа мекунед?
Фарзандатон доим хафа аст? Шумо ӯро таърифу ситоиш намекунед?
Фарзандатон шуморо безобита мекунад? Шумо ӯро ба оғӯш гирифта, аз рухсораш намебӯсед?
Фарзандатон ба шумо итоат намекунад? Пас шумо аз ӯ бисёр чизҳоро талаб мекунед!


Дата добавления: 19/04/2022 11:49;   Просмотров: 347
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку