Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Дар Самарқанд нерӯгоҳи бузурги офтобӣ ба кор даромад

Рӯзи 24‑уми май дар ноҳияи Нурободи вилоят нерӯгоҳи офтобӣ, ки тавоноии истеҳсоли 100 мегаватт барқ дорад, ба шабакаи барқрасонӣ пайваст шуд.

Ин нерӯгоҳ дар як сол 260 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол ва беш аз 80 ҳазор хонадонро бо барқ таъмин хоҳад кард.
Ҳамчунин, амалӣ шудани ин лоиҳа имкон медиҳад, ки солона 78 миллион метр мукааб гази табиӣ сарфа ва пеши роҳи олудашавии атмосфера бо 100 ҳазор тонна партовҳои зарарнок гирифта шавад. Бо гази сарфашуда таъмин кардани тамоми аҳолии Ӯзбекистон ба муддати 10 рӯз имконпазир хоҳад шуд.
Дар ҷараёни сохтани нерӯгоҳ 400 нафар кор карданд ва ҳоло, ки нерӯгоҳ ба кор даромад, 25 нафар соҳиби ҷойи корӣ шуданд.
Лоиҳаи ин нерӯгоҳи офтобӣ мувофиқи қарори рақами 4712‑и президенти кишвар аз 13‑уми майи соли 2020 амалӣ шуд.
Арзиши умумии лоиҳа 100 миллион доллар буда, ширкати фаронсавии «Total Eren» барои амалисозии лоиҳа мустақиман сармоягузорӣ кард.
Бояд гуфт, ки нерӯгоҳи офтобии Нуробод дар таърихи Ӯзбекистон дувумин бузургтарин нерӯгоҳ аст, ки энергияи «сабз» истеҳсол мекунад. Бузургтарин нерӯгоҳи офтобии Ӯзбекистон соли гузашта дар ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ сохта шуда буд.
Ёдовар мешавем, то поёни соли 2023 дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд як нерӯгоҳи дигари офтобӣ сохта мешавад. Ширкати «Masdar»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ин лоиҳаро амалӣ мекунад. Тавоноии нерӯгоҳ 220 мегаватт хоҳад буд.


Дата добавления: 26/05/2022 09:10;   Просмотров: 339
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку