Дар пойтахти Беларус шаҳри Минск аз ҷониби баталёни махсуси назди Қуваҳои Мусаллаҳи ин кишвар ҳангоми кофтукоб дар лагери ҳарбии асирон бо номи «Stalag 352» медали яке аз сарбозоне, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон вафот кардааст, ёфтанд.
Дар рӯи медалион хуҷҷате, ки навиштаҳояш хуб маҳфузбуда низ мавҷуд аст. Дар он чунин навишта шудааст: «Эгамов Остон, соли таваллудаш 1920. РСС Ӯзбекистон, ҶМ Даштаки болои деҳаи Оқмасчиди ноҳияи Самарқанд (Тошдакбалон Советӣ, д.Оқмачит.) аз ҷониби Самарқанд РБК сафарбар карда шудааст».
Фаъолони белорус навиштаанд, ки агар хешовандони наздики ин шахс бошанд, муроҷиат намоянд. Дар навбати худ, агар хешу табори иштирокчии ҷанг, ки ном ва насабаш овардашуда, бошанд, метавонанд ба таҳририяти мо: (тел: +998985738351) муроҷиат намоянд.
Copyright © 2024. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.