Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Боздошти як гурӯҳ қаллобон, ки аз корти «Давр банк» 15 миллиард сӯмро рабудаанд

Тибқи маълумот, санаи 7 -уми июли соли 2022 С.Ш. ном шахс (соли таваллудаш 1976) бо шарикони ҷиноияш дохили нуқтаи хизматрасонии "Давр банк"-и шаҳри Тошканд шуда, ба миқдори 15 миллиард сӯм маблағро ба номи шарики ҷиноияш Н.Ш (соли таваллудаш 2000) мегузаронад.

 Маблағи бадастомадаро шарикони ҷиноӣ миёни якдигар тақсим мекунанд. Аз ин ҳолат ходимони корҳои дохилӣ хабар ёфта, шахсони қаллоб дастгир мешаванд. Нисбати ин ҳолат аз ҷониби кормандони корҳои дохилӣ бо моддаи 169 қисми 4, банди «а» айбдор дониста шуда, корҳои пурсуҷӯӣ давом дорад. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи кофтуков ва пурсуҷӯ аз тарафи кормандондони корҳои дохила 11 нафар ҷалб карда ва ба ҳабс гирифта шудааст. Инчунин, нисбати 2 нафари дигар ҳамчун гумондор У.Ш. (соли таваллудаш 1986) ва А. Э. 9соли таваллудаш 1988) кофтуков эълон шудааст. Ҳоло корҳои кофтуков ва пурсуҷӯӣ давом дорад.


Дата добавления: 05/08/2022 10:53;   Просмотров: 305
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку