Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БО АМРИ ВАТАН

Аз соли 1979 то 1989 беш аз 65 ҳазор нафар сарбозони  диловари кишвари мо дар тасарруфи  кӯшунҳои маҳдуди собиқ Иттиҳоди шӯравӣ дар Афғонистон  барои таъмини амният ва дифоъи  инқилоб Саври ҷонбозӣ  кардаанд, ки як  ҳазору  512 нафар шаҳид  шудаанд.

Аз  вилояти Самарқанд  бошад, ҳафт  ҳазору  500 нафар ҳамчун  сарбозони  байналмилалӣ адои вазифа  карда 165 нафар гул андар  кафан гардида, баъди  хизмати  ҳарбӣ 575 нафар вафот намуданд...

  Бинобар ҳамин сарбозони  байналмилалӣ ҳамчун  дар  тамоми  кишварҳои  ҳамдӯстӣ ҳар сол  рӯзи  15-уми февралро  ҳамчун Рӯзи баровардани қӯшунҳои маҳдуди ҳарбии иттиҳоди  шӯравиро аз  хоки Афғонистон  тантанавӣ  ҷашн мегиранд.

 Имсол низ аз рӯи анъана сарбозони самарқандӣ аввал  дар майдони  шаҳидони  шаҳри Самарқанд ҷамъ омада, зери  муҷассамаи  Модари мотамсаро гулҳои тару тоза гузошта,сукут варзиданд ва  ояте аз Қуръони карим тиловат  карда ба  рӯҳи поки ҳамсангарони шаҳид бахшиданд.

Сипас  мақбараи Амир Темур, маҷмӯъаи Регистон ва "шаҳри абадӣ " ро зиёрат намуданд.

Дар  тарабхонаи "Садаф " дар  атрофи як пиёла чой сӯҳбати дилнишину самимонаи  онҳо ба вуқӯъ пайваст.

Раиси вилоятии Иттиҳодияи "Ветеран "- и сарбозони собиқадор ва ногиронҳои  Ӯзбекистон  полковник  Эркин  Мавлонӣ  ҳозиронро хайра мақдам гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно  намуд. Ба як гурӯҳ фаъолони  иттиҳодия Ифтихорнома ва  ордену медалҳои гуногун  супурда шуд. Санъаткорони номдори Самарқанд  бо сурудҳои дилошӯбу дилнишин  таъби ҳозиронро  болида сохта, ғизои маънавӣ бахшиданд.

  - Одамони  гуногун бо  тарзи  гуногун хизмати мо,ҷанговарони байналмилалро  талқин мекунад, - изҳор дошт фарзанди деҳаи хушҳавои Оҳалик, соҳиби ордени "Ситораи  сурх" Раҷаббой Соҳибназаров, - аммо  таъкид намуд, ки  мо  супориши  ватанро  иҷро кардему  халос. Шояд  дар ин  масъала гуноҳе аз  ҷониби  Маскав содир  шудааст. Ҳоло  собиқ  сарбозони диловари кишвари мо барои  дар  рӯҳияти ватанпарварӣ тарбият кардани насли наврас  камарбаста ҳастанд. Дар  мактабҳои миёна ва  коллеҷҳо вохӯриҳо мегузаронем.

  Чунин  тадбири  бошукӯҳи фарҳангӣ  дар  ноҳия  низ баргузор гардид. Дар хиёбони  шаҳидон гирдиҳамоӣ  баргузор шуд, ки ҳокими ноҳияи Самарқанд Сироҷиддин Усмонов ҳамсангарҳоро бо  рӯзи фирӯз табрик гуфт.

Марди  саховатпеша  Умарқул Усмонов ба сарбозони байналмилалӣ  зиёфат дод.

   Баҳодури ЗОҲИР.


Дата добавления: 21/02/2024 15:18;   Просмотров: 151
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку