Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Ба шарафи 75-солагии шоири содабаёни Самарқанд Ҳоҷӣ Шукруллохон Вализода тадбири хосса баргузор гардид

Дар маркази маҳаллаи ноҳияи Самарқанд ба шарафи 75-солагии шоири содабаёни Самарқанд Ҳоҷӣ Шукруллохон Вализода тадбири хосса баргузор гардид.


 Онро сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд", шоир Баҳодур Раҳмонов сарварӣ намуд. Табрикоти ҷонишини ҳокими ноҳия Акбар Маҳмудов, мудири Қабулхонаи Президент дар ноҳия Беҳзод Қӯлдошев, ҷонишини раиси шӯъбаи вилоятии Бунёди "Нуронӣ" Донабой Ҷуманов, сарвари нурониёни ноҳия Саид Мардонов, доктори фанҳои филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев, олиму адиби намоён Аслиддин Қамарзода, мудири бахши тоҷикии шӯъбаи самарқандии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи "Дурдонаи шарқ", шоир Асадулло Шукуров, раиси маркази милливу фарҳангии тоҷикони Самарқанд Шӯҳрат Самадов, ташаббускори тадбир, сарвари нашриёти "Лоиқи Озод" Озод Ҳамидзода, раиси маҳаллаи Қумзор Фурқат Раҳмонов, раиси нурониёни маҳалла, пири ботадбир Раҳимҷон Тӯрақулов, муҳаррири маҷаллаи "Турони бузург"-и Академияи илмҳои Турон, шоир Нормурод Каримзода ва дигарон басо дилнишину хотирмон буд.

Баромади толибилмони мактабҳои рақамҳои 14, 17 ва 21 табъи ҳозиронро болида сохт. Сурудаҳои овозхонҳои маҳбуб Ҳазрати Ҳамроқул ва Маъруфҷон Каримзода мӯҳтавои тадбирро афзун гардонид.


Последнее редактирование: 20/04/2024 17:37;   Просмотров: 43
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку