Вақте ки китоби тозанашри "Қалб ва қалам" (Самарқанд, нашриёти "Лоиқи Озод") ба даст афтод, ин сатрҳо аз қалам рӯи коғаз омад.
Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо бо шитобу шиддат чун оби шӯхи чашмаҳо мегузаранду аз худ нақше, ёде, манзарае мерос мегузоранд.
Матбуот ҳам дар як ҷо беҳаракат намеистад. Доимо ҳамдам ва ҳамқадами ҷомеа, ҳамоҳанги давру сиёсат, равшангари вазъи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ин ё он ҳудуд мебошад. Дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ саҳм мегузорад ва саҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро инъикос мекунад.
Матбуот дар байни асрҳои XV дар Аврупо ташкил ёфтааст. Дар давраи қариб 5 аср, то замони пайдо шудани радио ва телевидение ҳамчун воситаи паҳнкунии дониш ва ахборот хизмат кардааст. Дар Ӯзбекистон бошад, нимаи дуввуми асри XIX пайдо мешавад.
Соли 1870 чоп гаштани рӯзномаҳои "Туркистанская ведомости" ва "Туркистон вилоят газетаси" мустамликадорони рус дар Осиёи Марказӣ аз аввалин нашрияҳо ба шумор мераванд. Ҳамин тавр пасу пеш аввалин газетаву маҷаллаҳои милливу тараққипарварӣ, аз қабили "Тараққий", "Хуршед", "Шӯҳрат" пайдо шудаанд. "Садои Туркистон", "Шӯълаи инқилоб", "Садои Фарғона", "Самарқанд", "Оина" ва ғайра давомдиҳандаи корҳои саводноксозии мардум, баланд бардоштани маърифати омма шуданд. Дар қатори вилоят ва ноҳияҳои мамлакатамон моҳи ноябри соли 1957 рӯзномаи "Самарқанд ҳақиқати"-и ноҳияи мо иборат аз ду саҳифа таъсис ёфт.
Инак, рӯзномае, ки алҳол дастраси шумост, қадам ба 65-умин соли нашр гузоштааст. Муҳаррири аввалини он марди фозилу арҷманд, шодравон Аҳмадҷон Раҷабов буд. Сониян, муддате ин вазифа ба зиммаи Насим Нориев (аз Нурато) вогузор мегардад. Аз августи соли 1962 газета бо номи "Шарқ тонги" дар ҳаҷми 1 ҷузъи чопӣ, 4 саҳифа бо формати А3 ба табъ мерасад. То соли 1996 Насриддин Зайниев, Эркин Азаматов, Абдусалом Муҳаммадалиев (руҳашон шод бод!) анъанаҳои беҳтарини рӯзноманигориро бо ташаббус ва навовариҳои судбахш такмил медиҳанд.
Бо шарофати бозсозиву истиқлолият як саҳифаи рӯзнома аз соли 1989 ба забони тоҷикӣ мебарояд, ки поягузораш Зоҳир Ҳасанзода ва Раҳим Мавлониянд.
Таҳририят 30 сол муқаддам аз мавзеи қадимии Хоҷа Аҳрори Валӣ ба маркази маъмурии навбунёди Гулободи имрӯза мекӯчад. Солҳои 1996-2009 корманди соҳибтаҷрибаи маориф раҳматӣ Шодӣ Мирмаҳмадов ба таҳририят сарварӣ кардааст. Бо тақозои тақдир ва салоҳдиди ҳокимият аз моҳи апрели соли 2009 инҷониб масъулияти сарварии ҷамоа ба зиммаи муаллифи ин сатрҳост.
Ходимони рӯзнома таи солҳои гузашта барои равнақу ривоҷи иҷтимоиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии диёр саҳми арзанда гузоштаанду мегузоранд. Ягон соҳа, ҳудуд ва мавзӯе нест, ки онҳо ба қалам нагирифта бошанд. Дӯхтаҳои солҳои гузаштаи рӯзномаро саҳифагардон карда (то имрӯз қариб 9140 шумора баромадааст), шоҳиди пешравии ноҳия мегардед. Чеҳраҳои гарму ошно, фидоиёни хоҷагии қишлоқ, таълиму тиббиёт, сохтмон, маданият, хизмати маишӣ, ҳаёти ҷавонон, зан-духтарон, нурониён, саноату спорт, нақлиёту ҳунармандӣ, адабиёту санъат, оила, маҳаллаҳои намунавӣ, ҳаракати фермериву тадбиркорӣ, идораҳои ҳифзи ҳуқук ва ғайра пайваста мавриди инъикосу интишор қарор мегиранд.
Аз моҳи ноябри соли 2004 бо унвони "Гулобод тонги" ба забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ моҳе чор маротиба дастраси хонандагон шуда истодааст. Ҳашт сол аст, ки ин нашрияи маҳбуби ҳамагон бо формати А2 ва сифати баланди полиграфӣ ба табъ мерасад.
Шаш сол пеш бо роҳбарии собиқ ҳокими ноҳия Ботир Қодиров ва Бинокори хизматнишондодаи Ӯзбекистон Даврон Исломов бинои нави дуқабата бунёд мегардад, ки ба 60-солагии рӯзнома - "ҳокимияти чаҳорум"-и диёр тӯҳфаи арзанда гардид. Шароити кор, маоши кормандон, салоҳияти газета низ беҳтар шуд. Албатта, оиди таърихи пуршукӯҳи газета ва фидоиёни матбуоти миллии диёр рисолаҳо, силсиламақолаҳо ба табъ расидаанд, китоби пурмӯҳтавое аз нашр баромад. Шумораи аъзоёни Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон дар таҳририят афзуд. Қувваҳои нави эҷодӣ аз ҳисоби ҷавонон зиёд мегардад.
Ҷашни 65-солагии таҳририят ва ҳафтаномаи зуллисонайни "Гулобод тонги"-ро тантанавор истиқбол гирифтан ба муассисону муштариёни сершумор, эҷодкорону ходимони ҷонфидои он насиб мегардад, ки аз самими дил муборакбод мегӯем. Итминони комил дорем, ки таҳти ғамхорӣ ва эътибори ҳокими мӯҳтарам Сироҷиддин Усмонов нашрияи таърихии ноҳия ҳамаҷониба инкишоф меёбад.
Ҳоло бо сухани хотимавии худ шумо, мухлисону пайвандон, журналистону адибон, фаъолони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ин сарзамини сарсабзу хуррамро ба ҳамкории минбаъдаи пурсамар даъват мекунем. Хоҳони онем, ки рӯзномаи маҳбуби мову шумо ба маънои томи сухан оинаи мусаффои диёр бошаду доимо дастраси сокинони баору маърифатпарвари он гардад. Умед аст, ки Соли 2023 бо афзудани миқдори обуначиён ҷамоаи эҷодии газетаи моро ба навҷӯиву тозабаёниҳо, пешравиву комёбиҳои бузурги назаррас рӯҳбаланд мекунад. Чуноне, ки гуфтаанд:
Марра баланд гир, ки дар ҷодаи хидмат,
Ҳаст агар мушкилӣ, шуд саҳл ба ҳиммат.
Н.КАРИМОВ.
Copyright © 2024. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.