Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҶАБРИ  УСТОД БЕҲ АЗ  МЕҲРИ ПАДАР!

Мақолаи пурдарду дилсӯзонаи омӯзгори собиқадор Олима  Аҳмадҷонова "Муаллим туро  зада  бошад, хуб  кард"-ро

 ("Гулобод тонги "22- уми марти соли 2024, шумораи 11) бо  завқу шавқ  мутолиа намудам ва  беихтиёр  солҳои  таҳсил дар  мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд  ба хотирам расид. Он айём  дар  синфи  ҳашт  ё нӯҳ таҳсил  мегирифтам. Чӣ ҷои  руст кардан аст. Аз  ҳамаи  фанҳо, бидуни  тарбияти  ҷисмонӣ баҳоям "се". яъне  қаноатбахш буд. Он баҳо  ҳам  ба  хотири  хомӯш  нишастан ва  ба  дарсгузарии муаллимон халалдор накардан  гузошта мешуд.

Ба мактаби  мо аз  фанни  физика омӯзгори  нав омад. Вай марди 30-40 сола, ҷиддӣ, серталаб буд.

Мо, ду-се нафар "шеф"-ҳо барои  аз "имтиҳон" гузаронидани муаллими нав   чун  анъана  кадоме  зери  парта руст  шуда, мисли  гурба "мяв-мяв" гуфт.

Ман аз  ҷоям ҷаста  хеста, бардурӯғ сӯи  тиреза нигариста, "пишт" гуфтам. Садои ханда баланд  шуд. Муаллим боз дар тахтаи  синф чизе  менавишт, ки  овози "гурба " баромад.

Омӯзгори нав  сӯи  ман бӯр ва латтаи тахтапоккуниро партофт.

Баъд  барои " шӯришгариам" омада. як шаппотӣ  зад  ва аз дар берун кард.

Аз  куҷое мудири  қисми  илмӣ  омад ва  ман боз "меҳмони олиқадр"- и хонаи  муаллимон  шудам.

Хушбахтона,  омӯзгори фанҳои забони модарӣ  ва  адабиёт, иштирокчии ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, шоири раҳматӣ Бердӣ  Ҳамроев, ки дар  мактаб  ҳурмату эҳтиром  дошт ва оилаи  моро  хуб медонист.  ба  қавле "обсофкунак" шуд ва ман  аз  ҷазои муқаррар муфт  халос шудам.

Бегоҳирузӣ падари бузургворам, ки  аллакай аз "навидҳои охирин" - и мактаб  огоҳӣ  доштанд, аз  ман пурсиданд, ки  чӣ шуд?

 - Муаллими нав  омад ва  манро як  шаппотӣ зад, - ғурунгос задам ман, - ҳеҷ  чиз накардем...

Умед доштам, ки  қиблагоҳам  тарафгирӣ  мекунад, вале  баръакс як  шаппотии дигари обдоре зад, ки   гарчанде  аз байн беш аз 60 сол гузашт, ҳоло  ҳам  акси садояш дар гӯшам  аст.

Таъкид намуд, ки  он омӯзгори нав  Ӯлмас Раззоқов буд (илоҳӣ рӯҳашон шод ва хонаи охираташон обод бод) ва  дар  натиҷаи қатъият, муҳаббат ба  касби  педагогии ӯ аксарияти  хатмкунандагони  соли  1968 муаллим шуданд, ки дар байни онҳо Тоҳир  Ҳасанов, Тоҳир  Олимов (Худованд ба раҳматаш  гирифта бошад!)  ва профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд  Аҳмадҷон Солеев доктори фанҳои физика гардидаанд.

 Воқеъан баъди  ҳамон  воқеа мо ҳеҷ гоҳ аз  муаллимон ба  волидон  шикоят  намекардем.

Чуноне, ки  омӯзгори собиқадор Олима Аҳмадҷонова  менависад, ҳоло  масъала ранги дигар гирифтааст. Аз  сабаби "қонуншинос" шудани  баъзе  хонандагон бечора  муаллимон чӣ кор кардани худро  намедонанд. Шайх Саъдӣ мегӯяд, ки “Ҷабри  устод  беҳ зи  меҳри падар!”. Пас чаро  ба ин  насиҳат амал  накунем?

Дар  хотима  чанд  байти  пандомези шоири  ширинкалом Биноиро ёдрас  намоям:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз  падар устод дар пеш аст,

Гар  падар  аз  ҳаёт баҳра  диҳад,

Устод аз  наҷот  баҳра  диҳад...

Ҳурмати  устод  ҳар  кӣ  надошт,

Алами илм бар ҷаҳон надошт.

     Зоҳир Ҳасанзода, узви иттифоқи  нависандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон.


Дата добавления: 05/04/2024 14:11;   Просмотров: 247
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку