Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МЕРОСИ ПАДАР

Солҳои зиёд аст, ки оилаи Солеевҳо бо лимонпарварӣ машғуланд. Сарвари оила Усмон Солеев аз имкониятҳои истиқлол фаровон истифода бурда, дар шафати ҳавлиаш гарм-хона ташкил намуда буд.

Дар он ҷо 70 бех ниҳоли лимонро шинонда парвариш намуд. Сокинони маҳаллаи Гулбоғ дасткушодиву одамгарии Усмон Солееви раҳматиро нағз дар хотир доранд. Вай ҳар сол ҳосили ба даст омадаро бо ҳамдеҳагонаш ба ҳам медид. Аз фоидаи меҳнаташ ба оилаҳои камбизоат ёрӣ мерасонд.

Ду сол инҷониб ҳунари падарро духтараш Дилором Солеева ва писараш Умедқул Солеев давом медиҳанд.

Дар акс: лимонпарвар Дилором Солеева

Матн ва сурати Д. НАСИМОВА


Дата добавления: 08/03/2017 10:23;   Просмотров: 1493
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку