Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАСЪУЛИЯТ ВА ВАЗИФА

Соли 1999. Саҳни мактаби рақами 16-ӯми ноҳия. “Паррончак”-ҳо номаи камолро гирифта, ба баён кардани нақшаҳои оянда пардохтанд.

– Ман мисли падарам дорушинос мешавам, - гуфт Азамат.

– Ба мақоли “Мероси падар хоҳӣ илми падар омӯз” амал мекардаӣ-дия,- гуфтанд ҳамсинфон.

Он солҳо дар Ӯзбекистон донишкадаи фармасевтика (дорушиносӣ) набуд. Азамат тавассути интернет дар Қазоқистони ҷанубӣ арзи вуҷуд доштани академияи тиббии дорушиносиро ёфта аз падари бузургвор маслиҳат пурсид.

–Шери додо, - гуфт ӯ – замоне олими табиатшиноси рус Михаил Ломоносов барои илму дониш пои пиёда аз Архангелск то Маскаву Петербург рафта буд. Қазоқистон ҷумҳурияти ҳамсоя. Сонӣ шукри худо, ки поезд, ҳавопаймо ва боз дигар гуна нақлиёт ҳаст.

Суханони қиблагоҳ ва дасти дуои модари муқаддас Шоиста Аббосова ба ӯ нерӯи тоза бахшид, ки рахти сафар баст. Аз ҳама муҳимаш, аз имтиҳоноти қабул сарбаландона гузашт. Аз устодони меҳрубон дониши кофӣ гирифт.

Албатта солҳои таҳсил пурра омӯхтани забони русӣ, лотинӣ, ибораҳои тиббӣ хеле душвор буд, вале дониш-ҷӯи самарқандӣ аз ҳисоби хобу истироҳат на танҳо дар гурӯҳ, ҳатто дар донишкада пешқадам шуд. Дар корҳои ҷамоатӣ фаъол иштирок кард. Шояд аз ҳамин сабаб соҳиби дипломи имтиёзнок гардида, ба зодгоҳ омад. Рост гуфтаанд, ки ҷои аспро тойча мегирад.

Ду сол қабл аз ин қиблагоҳаш Аслиддин Васлиддинов ба нафақа баромаду ба ҷои худ писарашро директори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Акрам” таъин кард.

Азамат баробари дорушиносӣ фаъолияти клиникаи хусусиро ба роҳ монд. Имрӯзҳо қариб 50-60 нафар беморон бо тавсияву табобати шифокорони баландихтисос ба дарди худ даво меёбанд.

–Аз ташхис бисёр чиз вобаста аст,- мегӯяд Азамат Аслиддинович,- бинобар ҳамин мо асбобу ускунаҳои замонавиро аз Олмония, Англия, Белгия ва дигар мамлакатҳои тараққиёфта харидем. Хушбахтона нуфузи табобатхонаи мо афзуда, на танҳо аз ноҳияҳои вилояти Самарқанд, инчунин аз Қаршӣ, Ҷиззах ва дигар        шаҳрҳои Ӯзбекистон мизоҷон омада истодаанд.

Азамат Аслиддинович, нарху наво дар табобатхонаи шумо чӣ хел аст?- мароқ пайдо кардем мо.

– Нисбати дигар шифохонаҳои хусусии Самарқанд 15-20 фоиз арзон. Барои оилаҳои камбизоат ва ногиронҳо имтиёзҳо ҷорӣ кардем. Охир “хайру эҳсон сифати неки инсон” мегӯянд.

Нақшаҳои ояндаи шумо аз чиҳо иборат аст?

–Имрӯзҳо ҳамаи мо зери таъсири маърӯзаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар ҷамъомади васеи Девони Вазирон бахшида ба натиҷаҳои рушди итҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар соли 2016 ва ҷиҳатҳои муҳимтарини самти барномаи иқтисодӣ барои соли 2017 зиндагӣ ва фаъолият мебарем. Шахсан ба ман танқиди таҳлилии сарвари кишвар писанд омад. Ҳамаи мо аз баромади Президент хулоса бароварда, корамонро дар асоси нав ташкил намуда, масъулиятро амиқ ҳискунон фаъолиятро ба тарзи қатъӣ ба роҳ гузорем, ки баҳри забт кардани марраҳои нав хизмат кунад. Зеро ба масъалаҳои мустаҳкамсозии саломатии одамон, таъмини боварибахши аҳолӣ ба душворӣ мо низ масъул ва ҷавобгар ҳастем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Аксбардор Баҳодури ЗОҲИР

 

 

 

 

 


Дата добавления: 27/01/2017 15:12;   Просмотров: 1583
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку