Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КАРТОШКА ва парвариши он

Дар замини наздиҳавлигии худ бо аҳли оила картошка мепарварем. Аз 6 хол замини корам қариб 1 тонна картошка мегирем.

Мешунавем, ки деҳқонони пуртаҷриба аз ин қадар майдон то 2,5 тонна ҳосил мерӯёнанд. Дар саҳифаи рӯзномаи дӯстдоштаамон оиди фоидаи картошка ва парвариши он маслиҳати мутахассисро донистан мехостем.

Сӯҳроб НАРЗИҚУЛОВ, сокини маҳаллаи Деҳнави ноҳияи Самарқанд

Оиди картошкапарварӣ олими соҳаи кишоварзӣ, профессори кафедраи “Генетика, селексия ва тухмӣ”-и факултаи агрономияи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Самарқанд Иброҳим ЭРГАШЕВ чунин гуфт:

- Дар кишоварзии ҷаҳонӣ картошкапарварӣ баъд аз ғалла, шолӣ ва ҷуворимакка дар ҷойи чорум меистад. Картошка аз зироати хӯроквории муҳим ва асосӣ ба ҳисоб меравад.

Дар таркиби он ба шароитҳои сабзишаш нигоҳ карда, 15-30 фоиз моддаҳои хушк, аз ҷумла 13-24 фоиз крахмал, 1-2 фоиз сафеда ва қариб 1 фойиз намакҳои минералӣ, инчунин калий, натрий, калсий, магний, фосфор ва оҳан барин элементҳои пурқимат мавҷуд аст. Аз ҳамин сабаб ин маҳсулоти пурқиматро “нони дуввум” меноманд.

Барои гирифтани ҳосили хуб вақти тирамоҳ замини корамро плуг кардан лозим аст. Заминро баъди шудгор гардондан даркор. Агар тухмӣ нағз неш зада бошад, ҳосили хуб медиҳад. Кам ё бисёр гаштани ҳосил ба навъи картошка ҳам вобаста аст. Солҳои охир аз тухмиҳои “Пикассо”, “Санта” барин навъҳои голландӣ ҳосили баланд мерӯёнанд. Парвариши ниҳолҳои картошка аз вақти дар саҳро шинондани он оғоз мегардад. Моҳи аввали парвариш намии замин бояд 75-80 фоиз бошад. Ду маротиба аз коркард баровардан мувофиқи мақсад аст. Майдони картошкаро аз алафҳои бегона тоза намудан кафолати ҳосили баланд мешавад. Дар давраи сабзиш аз рӯйи ҳисоби ба ҳар як гектари замин 150 - килограммӣ азот ва 40-60 - килограмми нуриҳои фосфорӣ рост меояд. Агар мобайни қаторҳоро аз коркард бароварда, то 13-15 маротиба обёрӣ намоянд, ҳосили хуб медиҳад. Донаҳои калону миёна 65-70 фоизро ташкил намояд, боқимонда 25-30 фоизи онҳоро ба сифати тухмӣ истифода бурдан мумкин аст.

 

 


Дата добавления: 13/01/2017 11:00;   Просмотров: 1728
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку