Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲИММАТИ ЗУЛФИЯҲОИ “ЗУЛФИЯ”

Дар давраи пандемияи коронавирус кормандони фирмаи хусусиву истеҳсолӣ ва савдои "ZULFIYA" бо истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои махсус - комбензиони санитарӣ банд буданд. Либосҳои махсуси зидди эпидемиологӣ ба ходимони назорати санитариву осоиштагии мардуми ноҳия расонида шуд.  Баробари фаъолияти дўзандагӣ дар коргоҳ мебел ва таҷ­ҳизоти варзишӣ истеҳсол карда мешавад. Алҳол дар корхона 36 нафар сокинони маҳаллаи Андиҷонӣ ва маҳаллаҳои атроф бо кори доимӣ таъминанд. Дар корхона зиёда аз 90 намуди маҳсулот истеҳсол мегардад.

Анъанаи устоду шогирд ба роҳ монда шудааст. Дўзандагон Майсара Ҳомидова, Мартаба Нарзиқулова, Нилуфар Шокирова ва Ҳилола Сафоева ҳар навкорро дар давоми шаш-ҳафт моҳ тарбия менамоянд.

Имрўзҳо дар корхона дару тирезаҳои замонави аз маҳсулоти МДФ барои биноҳои дохилӣ тайёр карда мешавад. Барои ин кор устоҳои ботаҷриба  Аминҷон Самеев, Мўнис  Фахриев, Рауф  Оқилов саҳми муносиб мегузоранд.

Мо аз роҳбари коргоҳ дар бораи муаммоҳо пурсон шудем.

- Пандемияи коронавирус ба асоси иқтисодамон зарбаи сахт дод, - гуфт Ф.Узоқов. - Дар натиҷа фаъолияти аксар тадбиркорон қатъ гардид. Агар бонкҳо кредити камфоизаи боимтиёз диҳанд, тадбиркор метавонад фаъолияташро ба роҳ монда, барои ривоҷи иқтисодиёти мамлакат саҳм гузорад. Инчунин, мехостам, ки тадбиркор аз андозҳои гуногун озод бошад. Таҷрибаи аввалин, ки андози ягонаи (ЕНП) 5%ро ташкил медод, бояд ҷорӣ намоянд. Таклиф мекардам, ки дар оянда ҳисоботҳои статистикӣ ва андозиро барои тадбиркорон  бояд ихтисор намоянд. Дар ҷое, ки кор ҳаст, муаммо мешавад. Норасоии кадр­ҳо бештар мушоҳида мегардад. Хуб мешуд коллеҷҳо эхтиёҷи фирма ва корхонаҳоро мониторинг кунанд ва аз рўи он кадрҳоро тайёр намоянд. Он гоҳ хатмкардагони коллеҷҳо бекор намемонанд. Мақсади мо тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аст. 

Т.ЮСУПОВ

Д.ҒАФФОРДУХТ


Последнее редактирование: 17/07/2020 11:13;   Просмотров: 585
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку