Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЭҲТИЁТ – НИМИ ҲАЁТ

Асри мо қарни тараққиёти босуръати илму техника гардид. Дар ин бобат яке аз ихтирои оламшумули инсоният - нақлиёти автомобилӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло автомобил дар ҳар соҳа ёрирасони беминнат аст.

Дар ҳама ҷой мошинҳои гуногунҳаҷму гуногунтамғаро мебинем. Ронандаҳо онҳоро моҳирона идора мекунанд. Дурии мусофиронро наздик, борашро ба манзил мерасонанд. Дар аввал касби ронандагӣ ба назар сабук ва оддӣ менамояд. Гувоҳнома доштан, идора карда тавонистан, педалҳои газу тормозро пахш намудан ин ҳанӯз ронандаи хуб будан нест. Аксар ҷавононе, ки чунин ақида доранд, иштибоҳ мекунанд. Бо мақсади бисёртар ба даст даровардани маблағи барзиёд, аксар шофёрони таксӣ ва “Дамас”-ҳо пеши дигар нақлиётро бурида мегузаранд. Ба чароғакҳои светофор эътибор намедиҳанд. Қоидаҳои бехавфии ҳаракати нақлиётро вайрон мекунанд. Ин тавр қоидашиканиҳо ба садамаҳои автомобилӣ боис мегарданд.

Ронанда на танҳо ба ҳаёти худ, балки ба ҳаёти дигарон, яъне мусофирон ва пиёдагардон низ ҷавобгар аст. Касби ронандагӣ ҳушёрӣ ва таҷрибаи бойро талаб мекунад. Нодонӣ, бепарвоӣ ва беэътиборӣ ба тақдири ягон шахс нуқта гузоштанаш мумкин аст.

Сокини маҳаллаи Андиҷонии ноҳияи Самарқанд Шавкатҷон Воҳидов ҳам ронанда аст. Ӯ ба синни балоғат расида, монанди баъзе ҳамсолон вақташро дар кӯчаву чойхона беҳуда нагузаронд. Қувваву шуҷоаташро ба ҳунаромӯзӣ сарф намуд. Ба ояндаи зисту зиндагонии худ пойдевор гузошт. Аввал мактаби таълими умумии рақами 39-ро бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ хатм намуд. Баъд таълимро дар коллеҷи касбиву ҳунарии Равонак идома дод. Қисмҳои ҳаракатдиҳандаву ҳаракаткунандаи техника ва таъмири онҳоро омӯхт. Ҳоло вай дар саройи нақлиётии “Навобод транс”-и Самарқанд автобуси рақами 122-ро, ки аз мавзеи Сартепаи шаҳри Самар-қанд то маҳаллаи Шӯрбоичаи ноҳияи Самарқанд меравад, идора мекунад.

Комил ҶӮРАЗОДА

 

 


Дата добавления: 10/02/2017 15:52;   Просмотров: 1691
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку