Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ДАСТУРХОНИ ПУРФАЙЗ – АЗ МЕҲНАТИ ПУРСАМАР

Маърӯзаи Президенти кишвари соҳибистиқлоламон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маҷлиси васеи Девони Вазирон ба ман, фермери оддӣ таассуроти калон ва нерӯи тоза бахшид. Барҳақ барои ривоҷи соҳибкории оилавӣ дар Ӯзбекистони офтобрӯя заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ибораи дигар ҳар як шаҳрванди кишварамон бо аъзоёни хонаводааш бо соҳибкории оилавӣ маш-ғул шуда метавонад.

Бояд таъкид намуд, ки барои оилаи мо деҳқонӣ касби падарӣ аст. Раҳматӣ додоям Ашӯрамак, ки хуни арабӣ дошту бо фахр худро аз авлоди Муҳаммад пайғамбар мегуфт, аз айёми бачагӣ аслиҳаи кориаш каланду теша, досу қайчии токбурӣ буд. Мо, фарзандон сирру асрори рӯёнидани ҳосили фаровонро аз қиблагоҳ омӯхтем.

–Бо сидқи дил меҳнати ҳалол кунӣ, аз замини сиёҳ зар мегирӣ, - доимо таъкид мекарданд падарам, - душмани замин ҳанноту танбал аст. Ғайр аз он “ҳаққи” заминро додан, яъне пору, дору ва дар вақташ обёрӣ кардан зарур аст.

Воқеан, замини мо дар сари роҳи Самарқанд-Оҳалик–рӯ бу рӯи шифохонаи ВНИК доман паҳн карда, ғалла, помидор, боимҷон, қаламфури булғорӣ парвариш мекунем. Аз сабаби нақшаи солонаро барзиёд иҷро намудан даромадамон афзуд.

Ҳоло қариб дар 10 гектар майдон ғалла пошидем, ки сабзидани онҳо хуб мебошад.

Охир дастархони пурфайз аз меҳнати пурсамар аст.

Дилмурод ИСТАМҚУЛОВ, роҳбари хоҷагии фермерии “Пардаев Истамқул”, деҳаи Чунгул


Дата добавления: 17/02/2017 09:46;   Просмотров: 1325
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку