Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Холиқ МИРЗОЗОДА

Холиқ Мирзозода 11-уми майи соли 1911 дар деҳаи Равонаки ноҳияи Самарқанд таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби ҳамагонӣ солҳои 1929-30 дар деҳаи Равонак ба сифати муаллими мактаби ибтидоӣ кор мекунад.

Соли 1930 вай ба Академияи педагогии Ӯзбекистон дохил мешавад. Соли 1933 Академияи мазкур ба Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (ҳоло ДДС) табдил ёфт ва ӯ ин мактаби олиро соли 1935 хатм менамояд. Ҳангоми донишҷӯӣ ӯ ҳамчун муаллими адабиёти тоҷик дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқанд кор мекунад.
Холиқ Мирзозода соли 1935 ба Душанбе рафта, то соли 1939 дар Институти давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко кор мекунад. Соли 1939 Комиссариати Халқии Маорифи Тоҷикистон ӯро ба сифати ходими калони илмии Институти тадқиқотию илмии мактабҳо таъйин мекунад ва ӯ дар ин вазифа то соли 1944 кор мекунад ва ҳамон сол ба узвияти ИН Тоҷикистон пазируфта мешавад.
Соли 1946 Холиқ Мирзозода ба Самарқанд омада, то соли 1947 ба мавзӯи "Ҳаёт ва эҷодиёти Шамсиддин Шоҳин" рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад ва соли 1947 Холиқ Мирзозода ба Душанбе рафта, то соли 1990 дар кафедраи адабиёти тоҷики Институти давлатии омӯзгорӣ кардааст.
Соли 1968 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар мавзӯи "Масъалаҳои асосии инкишофи ғоявӣ-эстетикии назми советии тоҷик дар асри бистум" рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад ва пас аз як сол бо қарори Комиссияи олии Аттестатсионӣ ба унвони профессорӣ мушарраф мегардад.
Холиқ Мирзозода доир ба масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва шӯравии тоҷик асару мақолаҳои илмӣ навиштааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 20 рисолаи илмӣ-тадқиқотӣ, китобҳои дарсӣ, зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ ва муҳаррири бештар аз 30 китобу маҷмӯаҳои илмӣ мебошад. Соли 1934 дар рӯзномаи "Ҳақиқати Ӯзбекистон" (ҳоло "Овози тоҷик") аввалин мақолаи илмии ӯ оид ба эҷодиёти шоирони ҷавон , бо номи "Забони шеърӣ ва камбудиҳои шоирони ҷавони мо" чоп шудааст. соли 1936 дар маҷаллаи "Барои адабиёти сусиёлистӣ" мақолаи "Аҷзӣ ва эҷодиёти ӯ" ва "Аҳмад Махдуми Дониш мулаққаб ба "Аҳмади Калла " ба табъ мерасад.
Холиқ Мирзозода соли 1940 дар таълифи "Намунаҳои адабиёти тоҷик" ва соли 1957 "Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик" ҳамкорӣ намуда, яке аз муаллифони китобҳои дарсии "Адабиёти ватан" (барои синфи 5), "Адабиёти тоҷик" (барои синфи 9), "Адабиёти советии тоҷик" (барои синфи 10) мебошад. Таълифи нахустин китоби дарсии "Таърихи адабиёти тоҷик" (асрҳои XIII-XV) барои мактабҳои олӣ ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Ӯ соли 1957 "Мунтахаби девон"-и Ҳофизи Шерозӣ, соли 1959 "Мунтахаби ашъор"-и Шоҳин, "Куллиёти мунтахаб"-и Убайди Зокониро ба чоп тайёр намудааст. Соли 1982 китоби "Афкори рангин"-и Холиқ Мирзозода, ки ба масъалаҳои инкишофи адабиёти шӯравии тоҷик бахшида шудааст, чоп мегардад.
Холиқ Мирзозода соли 1990 ба Самарқанд бармегардад. Моҳи июни соли 1990 ба ҳайси аввалин раиси Маркази фарҳанги тоҷикони Самарқанд интихоб гардид.
Холиқ Мирзозода 25-уми октябри соли 1992 дар деҳаи Равонак вафот мекунад.

Аз "Сипеҳри орзу"-и Ҳаёт Неъмати САМАРҚАНДӢ


Дата добавления: 27/09/2019 17:12;   Просмотров: 824
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку