Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

«ҲУСНИ СУХАН»

Китоби забоншиноси дақиқназар Саиди Саъдӣ бо номи "Ҳусни сухан" бо рухсати нашриёти "Ноширлик ёғдуси" чоп шуд.

Барои ин ки миллат сухандон гардад, пеш аз ҳама бояд аҳли қалам, муҳаррирон, рӯзноманигорон, бахусус, хабарнигору гӯяндагони оинаи нилгун худ забони адабиро хуб бидонанд ва илова ба ин аз нуқсонҳои кунунии он хабардор бошанд. Мардум аз онҳо забони хубу дурустро меомӯзанд. Бинобар ин на танҳо гурӯҳи хурди забоншиносон, адабиётшносон ва адибону рӯзноманигорон, балки кулли аҳли миллат бояд бо забони модарӣ саҳеҳ, равон ва бидуни хатоҳо гап зананд. Ин вазифаи ахлоқӣ ва виҷдонии ҳар шахси меҳанпараст аст. Зеро масъалаи забони модарӣ пеш аз ҳама аз масоили ахлоқӣ ва маънавии ҷомеъаи пешрафта аст.
Дар ин китоб чанд мақолаи солҳои гуногун дар матбуоти даврӣ нашршудаи Саиди Саъдӣ гирд омадаанд, ки барои омӯзгорони забону адабиёти тоҷик, донишҷӯёну забондӯстон муфид аст.

Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,
сармуҳаррири нашриёт


Дата добавления: 18/09/2020 15:23;   Просмотров: 592
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку