Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТАТАББӮЪИ МАХДУМ

9-уми феврал - Зодрӯзи Мир Алишери НАВОӢ (ФОНӢ)

Зи мушкин зулфи ӯ ҳаргиз нашуд ҷуз мушкилам ҳосил,
Чу мушк афтад қарини лом, ҳосил нест ҷуз мушкил.
Ба бурқаъ чун бурун оӣ, назар бар ҳоли мо афкан,
Ки набвад пардаҳои чашм гоҳи диданаш ҳоил.
Чу пеш ояд рақибам, баҳри рафтан ёр биштобад,
Аҷал ҳаргаҳ шавад наздик, гардад умр мустаъҷил.
Далели дуздии дил шуд ба чашмат хуни дил хӯрдан,
Далели дигарам ин бас, ки бошад ошиқат бедил.
Агар пеши бути худ сар ниҳам, эй дил, аҷаб набвад,
Ки шуд нӯши лабаш ҷонбахшу неши ғамзааш қотил.
Тариқи ақлу ҳушёрӣ ба аҳли хонақоҳ авло,
Хуш он ринде, ки дар майхона афтад масту лояъқил.
Дили аҳли савол овар ба даст, албатта, эй мунъим,
Ба шукри он, ки масъул ӯ нашуд дар даҳру ту соил.
Агар хоҳӣ висоли каъбаи мақсуд, эй Фонӣ,
Ба ҷуз дар водии бехонумониҳо марон маҳмил.
* * *
Аз чашми ман марав, ки туам нури дидаӣ,
Монанди нури дида зи мардум гузидаӣ.
Хубон кушандаанд, Худоё, магар маро,
Аз баҳри куштани дигарон офаридаӣ.
Оромам аз фироқи ту ҷоно дигар намонд,
К-аз ман рамида бо дигарон орамидаӣ.
Пурҳодисаст даҳр, дило, муғтанам шумор,
Дар майкада чу рахти иқомат кашидаӣ.
То рафтан зи дидаи ман парӣ, ба хашм,
Муштоқам ончунон, ки зи чашмам паридаӣ.
Пироҳани сабурии дил чок кардаӣ,
Яъне ба ҷавр пардаи дилро даридаӣ.
Фонӣ, баҳои хоки раҳаш ҳарду қавн шуд,
Дар дида деҳ, ки гаронаш харидаӣ.

(Аз «Девони ФОНӢ»)


Дата добавления: 06/02/2020 16:28;   Просмотров: 650
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку