Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ "ЛОИҚНОМА"-И СОРБОН

Ин дафтари шеъру ғазал
чун ман намирад аз аҷал,
Рав, чархи гардунро бигӯ,
Лоиқ видоят карду рафт.

Шоири тавоно, базморо, зиндаёду покбунёд, шаҳиру дилпазир, навгӯву навҷӯ Лоиқ Шералӣ агар ҳаёт мебуд, 80-солагии зодрӯзаш ба иди адабиёт, ба ҷашнвораҳои бузурги аҳли фарҳангу адаб табдил меёфт. Ба ин хотир мутолиаи, ёдномаи муассир ва пурмӯҳтавои Сорбон бо унвони "Лоиқнома" ҳам, ба назарам, аз ҳар ҷиҳат хушоянду судбахш аст. Дар бораи сирату сиришт, шахсияту сарнавишт, дунёи ботиниву зоҳирии Лоиқи хушбаён, осори гаронбаҳо ва мондагори ӯ андешаву мулоҳизаҳои фаровон гуфта шудааст, аммо "Лоиқнома" чизи дигар аст! Бо ибораи дигар гӯем, дилномаест пур аз фахру ифтихор, мулоқоту мунозираҳои ҷолиб, лаҳзаҳои висолу видоъ, бемориву хушҳолӣ, суру сӯг, машаққату масаррати эҷоду илҳом, тараннуми асолати ватану миллат, забону ваҳдат, халқу халоиқ, фарзанди асили диёр, ки ба муаллиф ва қаҳрамони ёднома мансубанд.
Сорбон дар радифи ҳамқаламону ҳамқадамони намоёни давр (солҳои 1965-2010) аз қабили Лоиқ, Бозор Собир, Кӯҳзод, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло ва дигарон фаъолияти пурсамар бурдааст.
Навиштаҳои ӯ (зиёда аз 140 ҳикоя, 15 қиссаи хурд, 11 повест, 5 роман, ёдномаву сафарнома) мустақиман бо зодгоҳаш деҳаи Амондараи Панҷакат вобаста мебошад. Романҳои "Кадевар", "Туғрал", "Достони писари Худо", "Ниёз - кончӣ", "Росу" ва ғайра адиби вуқӯъгӯй, дақиқназар, рангинхаёл будани муаллифро собит кардаанд.
Чуноне, ки дар боло зикр кардем, "Лоиқнома дар эҷодиёти доманфарохи Сорбон мавқеи ҷудогона дошта, бо сабки нигориш, фарогирии рӯйдодҳои рангини рӯзгори Лоиқ як асари ёддоштии калонҳаҷмро ташкил медиҳад.
Дар ёднома зиндагӣ, эҷод, хизмати аскарӣ, ғаму шодӣ, сӯҳбату ташвишҳои арӯскобӣ, хонадорӣ, мактубҳо, орзуҳои модар, рафтори падар, пиндору гуфтор ва кирдори устод Лоиқ дар ҳалқаи аҳли хонавода, адибон, пайвандон, ҳамсафарон ба риштаи тасвир кашида шудааст, ки хонандаро ба олами маънавии шоир ҳидоят мекунад.
Дар ёднома тасвирҳо, хитобаҳо, мулоҳизаҳо, ки фаровон аз талмеҳу қиёсҳо, шахсиятҳои таърихианд, ниҳоди поку беолоиши Лоиқро ба хубӣ намудор мекунанд.
Дар як ҷои он мехонем: "Лоиқ дар ҳаёт нолиш надошт. Ман нашунидаам, ки аз нокомиҳо, аз норасойиҳо, аз каму кости рӯзгори шахсӣ гӯя карда бошад. Гурусначашмӣ ё ҳарисӣ надошт. Вонамуд мекард, ки чашму меъдааш сер аст..."
Ба Лоиқи хушгӯ бузургони сухан М.Турсунзода, Н.Маъсумӣ, Ф.Муҳаммадиев, Ш.Рустамов, Ҷ.Икромӣ, Ф.Ниёзӣ ва дигарон ҳусни таваҷҷӯҳ ва ихлоси баланд доштанд. Дар поёни умраш бештар ба Ҳилолӣ, Румӣ, Ҳофиз, Хайём, Рӯдакӣ рӯ меовард.
Байти:
Гар дар ҳама даҳр як сари нештар аст,
Дар пои касе халад, ки дарвештар аст,
ки аз зери андовайи девори мазори Хоҷа Муҳаммади Башоро пайдо кардаанд, ба Лоиқ азизу гиромӣ буд.
Дар ёддоштҳои Сорбон номи бисёр одамон қаламдод шудаанд, ки бевосита ба ҳаёти Лоиқ алоқамандӣ доранду шоир бо онҳо дар робитаи хешутаборӣ, дӯстиву ҳамкории эҷодӣ буд. Беш аз ҳама модараш Заҳробибӣ, завҷааш Зебинисо, фарзандон, модарарӯсаш Додарой, бародараш Қорӣ Шариф, эҳҳе ... ном ба ном овардан ғайриимкон аст. Дар дилу дидаи ҳазорҳо одамон мавқеи устувор дорад Лоиқи ошиқ!
Хулосаи сухан, дар бораи Лоиқ ёдномаҳо, сӯгвориҳо, тадқиқоти зиёде навиштаанд, аммо... аммо "Лоиқнома"-и Сорбон достонест, ҳайкалест воқеӣ, реалӣ, дилнишину ҷаззоб!
Гӯё дами вопасини худро пай бурда бошад, Лоиқ гуфтааст:
Нӯшед ба ёди хотири ҳастии ман,
Холӣ накунед ҷои биншастаи ман.
Андар сари гӯри ман гузоред чу лавҳ,
Як соғари вақти мастӣ бишкастаи ман.
Субҳи 30-юми июни соли 2000, соати 4-у 20 дақиқа дили Шоири халқии Тоҷикистон, суханвари ҷаҳонии тоҷик Лоиқ Шералӣ аз задан монд. Қабри файзосораш дар паҳлӯйи гӯри устод Улуғзода. Дар атроф устод Икромӣ, Миршакар, Ниёзӣ, Муҳаммадиев, Қутбӣ, Одина Ҳошим, Сайёр ва Тӯҳфахону Малика ҳастанд, Исҳоқӣ низ, менигорад Сорбон. Инак, 20 сол мешавад, ки Лоиқ бо мо нест, дар дили мост, дар ёди одамҳост. Ӯ намурдааст. На-на!!! Дарёфтам: худаш гуфтааст: "Навиштаҳоямро хонед, ҳама чизро дарёфт хоҳед кард". Худи ӯро ҳам. Хушбахтам, ки бо Лоиқ ду бор вохӯрдаам, соядаст гирифтаам: вақти чилсолагиаш дар Самарқанд, айёми 50-солагиаш дар Панҷакат.
Сорбоно, корвон манзил ба манзил меравад,
Дар раҳи ҳар манзиле як пораи дил меравад

Нормурод КАРИМЗОДА


Дата добавления: 07/08/2020 10:54;   Просмотров: 719
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку