Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

«СУБҲИ ГУЛОБОД»-И МО

Салим КЕНҶА

Азизу мӯътабар “Субҳи Гулобод”,
Ту ҳастӣ минбари ин мулки озод.
Чӣ хуш, к-имрӯз гаштӣ шастсола,
Рухат аз шодӣ бишкуфта чу лола.
Муборак бодат аз дил ҷашни шастат,
Гули шеърӣ супорам ман ба дастат.
Ту бо ду лафз бо мо ҳарф ронӣ,
Ба мисли Ҳазрати Навоӣ-Фонӣ.
Шакаросост ҳарфи ӯзбекона,
Асалвор аст ҳарфи тоҷикона.
Бигардӣ ҷилвагар бар ҳафта як бор,
Расонӣ аз тамоми даҳр ахбор.
Расонӣ муждаҳо аз шаҳри Тошканд,
Ҳам аз шаҳри фараҳзои Самарқанд.
Расонӣ нутқи Президент бар мо,
Ки дилҷӯтар шавад з-имрӯз фардо.
Сухан меронӣ аз кори гузарҳо,
Зи ҳурмат-иззати модар-падарҳо.
Чу тӯят бигзарад дар нав биноят,
Аз ин хурсанд ҳастам бениҳоят.
Ҳаёти мулки худ хуб бинигорӣ,
Ки чандин мухбири фаъол дорӣ.
Яке духтур, дигар омӯзгор аст,
Яке олим, дигар тадбиркор аст.
Нависанд очеркҳо мухбиронат,
Ғазалҳои равона шоиронат.
Сухан ронӣ зи азми фермерҳо,
Зи кору бори ходимҳои савдо.
Ҳам аз аҳди шифокорон нависӣ,
Ҳам аз ҷаҳди бинокорон нависӣ.
Нависӣ аз ҳаёти мактабиён,
Зи фатҳи спортчиёни зӯру чаққон.
Ҳикоят мекунӣ такрор-такрор,
Ба моён аз ҳаёти Хоҷа Аҳрор.
Намоӣ сабт андар саҳфаҳоят,
Ҳаёти Мӯлиён, Кӯйи Сахоят.
Расонӣ навхабарҳо аз Равонак,
Зи Кӯлу Оҳалики кони оҳак.
Ба мо тоза хабарҳо мерасонӣ,
Зи деҳи Шалғамону Андиҷонӣ.
Хабар меорӣ аз деҳи Миронқул,
Зи Мотуруд, Чоршанбею Чунгул.
Нависӣ аз ҳаёти деҳқонҳо,
Ки гашта кони ҳосил дашту саҳро.
Бишуд Хоҷа Аҳрор чун боғу бӯстон,
Зи азму ғайрати пиру ҷавонон.
Пур аз неъмат бигашта хони мардум,
Зи ангуру зи себу нони гандум.
Ҳама бозорҳо аз меваҳо пур,
Дил аз ин манзара гардида масрур.
Барои ҳалли ҳар гуна муаммо,
Диҳӣ бар муштариён маслиҳатҳо.
Ба ҷое гар бинӣ нуқсу хатое,
Ҳамоно фош онро менамоӣ.
Зиҳӣ, эй софу пок оинаи мо,
Бувад меҳри ту андар синаи мо.
Яке аз дӯстдорони ту ҳастам,
Ки бар ҷашнат зи ҷонам шеър бастам.
Ба ту сад офарин, “Субҳи Гулобод”,
Зиёда умр бин, “Субҳи Гулобод”!


Дата добавления: 09/06/2017 14:53;   Просмотров: 1420
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку