Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

СУБҲ БА ХАЙР

Илҳом

СУБҲ БА ХАЙР


Субҳ ба хайр, эй дӯстонам, субҳ ба хайр,
Ҳамдилони меҳрубонам, субҳ ба хайр.
Ҷон фараҳ меёбад аз дидоратон,
Ҳамзабонам, ҳамзамонам, субҳ ба хайр.
Ҳуснободӣ муборак бар диёр,
Рӯзгори нурфишонам, субҳ ба хайр.
Ёри маҳбуб менавозад тори ишқ,
Ғамгусори роздонам, субҳ ба хайр.
“Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест”,
Ишқварзи комронам, субҳ ба хайр.
Меҳр мебояд ба ҳар як хастадил,
Дилнавозу дилситонам, субҳ ба хайр.
Нормурод, аз дарди олам рӯ матоб,
Эй давои рӯҳу ҷонам, субҳ ба хайр.
Нормурод КАРИМЗОДА

ХОНАИ АЙНӢ

Тақдим ба Абдукарим ҒАНИЗОДА

Ба қалбам ҷогузин шуд эҳтироми хонаи Айнӣ,
Паёпай кард барпо базми эҳтироми хонаи Айнӣ.
Туро доим писархонди ҳамин кошона медонанд,
Ба мағзи ақлу дил ҷо шуд каломи хонаи Айнӣ.
Расад пайғому таҳният зи ақсои ҷаҳон ҳар дам,
Ҳама шеъру дуруд ояд ба номи хонаи Айнӣ.
Туро рухсор пурнур шуд зи нури махзани устод,
Ба ҳар қалби накӯ ҷо шуд саломи хонаи Айнӣ.
Муҳофиз посбон гаштӣ ба ҳар як хишти кошона,
Мунаввар карда меҳмон субҳу шоми хонаи Айнӣ.
Зи кунҷи сандалӣ бинвишт устод нома бар халқаш,
Ба меҳри одамон ҷо шуд паёми хонаи Айнӣ.
Ҳазорон сол мехоҳам ба ин кошона иқболе,
Намудӣ умр сарфи хосу оми хонаи Айнӣ.
Ҳаводорони ин манзил ба олам садҳазоронанд,
Аз ин рӯ, шодам аз ҳар субҳу шоми хонаи Айнӣ.
Абдурасул ИБРОҲИМЗОДА


ОШЁНАМ КӮҲСОР


Меравам то ин, ки ёбам роҳ сӯи кӯҳсор,
Нӯши ҷон созам зи оби софи шӯхи рӯдбор.
Пешвозам мегирад ҳар як даре, ки меравам,
Масту мафтун аз насими ёди ёри гулъузор.
Чун ба боғаш бингарам бо чашми бедори ҳавас,
Мегирад илҳоми нав дил аз тамошои диёр,
Мавҷи сеҳрангез дорад, гар тавонӣ гӯш дор,
Савту хонишҳои мурғонро зи сӯи обшор.
Дар баҳорон лолаву райҳону наврӯзаш бубин,
Ваҳ, димоғат мешавад болида аз бӯи баҳор.
Андаке гар дер монам, мекашад хуммори ӯ,
Дил зи ҳар як васли ҷонон боз гардад беқарор.


Дата добавления: 28/07/2017 16:07;   Просмотров: 1730
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку