Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ШУД МУСАВВАР ҶО БА ҚАЛБИ ОДАМОНИ МӮЪТАБАР...

Аҳли карам ба ном ҷовидон аст,

Ташбеҳи он ҷилваи ахтар кунам

Ғунча шукуфон зи табу тоби туст,

Дасти дуо во ба Мусаввар кунам

Ҳусейн РАШИДӢ

Шаби дуюми соли Нав садои телефони дастиам хобамро гурезонд. Фикр кардам, ки боз ягон дӯстам маро табрик мегӯяд. Аммо дугонаи қалинам Дилором Маматқулова гирёну нолон гуфт, ки дӯсти ҷонӣ ва ҷавониамон Мусаввара Ҷумаева ҳангоми садамаи автомобилӣ ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Аз хабари нохуш дасту поям бемадор гашта пеши чашмамро сиёҳӣ гирифт. Он шаб хоб аз чашмонам парид. Охир ҳамагӣ ду рӯз пеш дугонаҳо нишаста соли Навро ба якдигар табрик гуфта будем. Боз алами ман аз тақдири бераҳм дар он буд, ки вай ба мотами шавҳараш Аслам Аъзамқулов ва духтараш Шаҳнозабону куртаи сабзашро накашидааст.

Дугонаам Мусаввара Ҷумъаева тамоми умри азизашро ба тарбияи насли наврас, ободи Ватан бахшид. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 14-и деҳаи Кӯл ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд. Ҳар ду шабона мехондему рӯзона дар мактабамон кор мекардем. Вай сарвари пешоҳангон буду ман ташхисгузор. Дере нагузашта бо навоварӣ, ташаббускорӣ чун сарвари эҷодкор ном баровард. Дар корҳои ҷамоатӣ фаъол буд, ки дар 19-солагӣ депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия шуд. Аз соли 1975 аввал муаллима, сипас сарвари таълимгоҳи мазкур таъин гардид. Соли 1997 ба вазифаи ҷонишини ҳокими ноҳия ба кор даъват намуданд. Баъди ду сол раиси ҷамъомади шаҳрвандони деҳоти Улуғбек интихоб шуд. Сипас даҳ сол дар вазифаи мудири шӯъбаи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд фаъолият бурд. Ва то лаҳзаҳои вопасин дар ҳокимияти ноҳия дар вазифаҳои гуногун кор кард.

Аз ҳама муҳимаш, бо ҳамсараш Аслам Аъзамқулов чор нафар фарзандро таълиму тарбия дод. Шаҳноза, (илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад!) Гулноза, Беҳзоду Парвиз соҳиби маълумоти олӣ шуда дар соҳаҳои гуногун кор мекарданд. Беш аз даҳ нафар набераҳо бо ширинрафторию ширингуфторӣ ба бибиҷони дуогӯяш олам-олам хурсандӣ меоварданд...

Рӯзи сеюми январи соли равон барои ба роҳи охирин гусел кардани модари муқаддас, устоди устодон, роҳбари дилёбу дарёдил Мусаввара Ҷумъаева ҳамкасбону ҳамкорон, шогирдону дӯстон, хешу пайвандон ба гузари Кӯл омаданд. Дар митинги мотам нотиқон сифатҳои неки марҳумаро гуфта гузаштанд.

Хуршеда АКРАМОВА, собиқадори таълими халқӣ

* * *

ДАР Р¤ЗИ ДАФНИ ФИДОИИ ТАЪЛИМ МУСАВВАРА ЇУМЪАЕВА

 

Модари Іамхору дилсґз, марµами їон, алвидоъ,

Раµбари фархундаву донои даврон, алвидоъ.

Мардуми бонангу номи мулки хуррам Іаріи Іам,

Соµиби шаъну шараф, эй моµи тобон, алвидоъ.

 

Бо ту фахре дошту дорад ончунон зебо Ватан,

Бо калому корµоят дилкушо дунёи зан.

Некиµоят рґµфизои аµли дил, аµли адаб,

Аз іадамµоят мунаввар гашта мактаб, анїуман.

 

Дар фироіат дил чу абри навбаµорон гиря кард,

Ґар ду чашм аз доІи µиїрон ашкборон гиря кард.

Нола сґзон, сина бирён, дида µайрон, во дареІ,

Аз фироіи ногаµонє кулли инсон гиря кард.

 

Номи некат бо дуое дар дилам поянда аст,

Їои ту дар маІзи їони дґстон арзанда аст.

Оташ афрґзад ба дилµо меµри нурполои ту,

Дар назар хуршедвор симои ту тобанда аст...

 

Нормурод КАРИМЗОДА


Дата добавления: 13/01/2017 11:04;   Просмотров: 1468
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку