Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ШОИРИ ШӮЪЛАВАР

Намоишнома аз ҳаёти шоири ватандӯст, шоири шаҳиду шаҳири тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ:

Утоқи сарбозон. Ду-се нафар аз сарбозон нома менавиштанд. Ҳабиб Юсуфӣ машғули китобхонӣ буд. Гоҳ-гоҳе ба даст қалам мегирифту рӯи варақ чизе менавишт.
Ногаҳон яке аз сарбозон номаашро ба канор гузошту ба гуфтани ҳарфи дил шурӯъ кард:
- Ин ҷанги хонумонсӯз кай ба охир мерасад? Кай мо ба хона бармегардем? Оё зинда мемонем ва ё аҷал моро ба доми худ мекашад, инро касе намедонад.
Сарбози дигар дар ҷавоб истиҳола накард:
- Ин ҳарфҳоро назан. Мо бояд сабур бошем, шикебоӣ пеша кунем ва сарбаландона Ватанамонро ҳифз намоем. Мо сарбозем. Сарбози Ватан намоди ғурур ва шараф аст. Сипас ӯ ба Ҳабиб Юсуфӣ рӯй овард:
- Рафиқ лейтенант, аз ҳамон шеърҳои оташбору шӯрангези худ хонед то қудрати сухани шумо қалбҳо ва зеҳнҳои моро ба пирӯзӣ раҳнамун созад.
Шоир китобро пӯшида, бо овози ларзон, аммо ширадор чунин мисраъҳоро вирди забон овард:
Он на ман бошам, амон бидҳад ба душман мушти ман,
Он на ман к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре.
Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре.
Сарбозон аз ғояти шавқ кафкӯбӣ карданду ба шоир офаринҳо хонданд.
Дар ҳамин вақт фармондеҳи омӯзишгоҳ ба утоқ даромада аз ҳоли сарбозон пурсон шуд.
- Чӣ садои хуш, аммо лаҳни қатъӣ доред, рафиқ лейтенант!
- Ташаккур, рафиқ командир, чун аз самимияти зиёд мехонам.
Фармондеҳ сипас ба қалам ва пораи варақ ишора намуд ва пурсид:
- Шумо низ мактуб менависед?
- Не, ҳоло ман шеър менависам, - посух дод шоир.
- Ҳама сарбозон мактуб менависанд, аммо шумо фақат шеър менависед? - дубора пурсид фармондеҳ.
- Ман ҳам ба хонаводаам ва пайвандону дӯстонам мактуб менависам, аммо шеър маро ҳаргиз тарк намекунад. Охир, ман шоир ҳастам,- ҷавоб дод шоир.
Эҳсоси кунҷкобии фармондеҳ воқеъан аз ин муколама бо лейтенант боло гирифт ва аз ӯ пурсид:
- Магар дар Тоҷикистон шоирон бисёранд, ки шумо ба фронт омадед?
- Ман ҳам шоир, ҳам сарбозам. Хидмати Ватанро на фақат дар майдони сухан, балки дар майдони ҷанг ҳам вазифаи муқаддаси худ мешуморам.
- Офарин ба шумо, рафиқ лейтенант, - изҳори қаноатмандӣ ва таҳсину таъриф кард фармондеҳ ва идома дод: - Китобе, ки дар даст доред, навиштаи худи шумост?
- Не, рафиқ командир, ин китоб "Шоҳнома" -и безаволи Фирдавсӣ аст, - бо ҳисси ғурур посух дод шоир.
- Чӣ хуб, ман ҳам дар бораи "Шоҳнома" ва Рустами паҳлавон шунидаам. Дар ҳақиқат ин китоб дар бораи қаҳрамонони разму набард аст?
- Бале, қаҳрамонону паҳлавононе, ки ватани худро аз ҳамлаи душман ҳимоя кардаанд. Хондани ин китоб ба ман ҷасорат ва тавоноӣ мебахшад. Вақте ки истилогарони араб сарзамини аҷдодии моро ишғол карданд, Фирдавсӣ бо нафрат ва ғазаб дар яке аз достонҳояш аз забони қаҳрамон чунин мегӯяд:
Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор.
Ки тахти каёнро кунад орзу,
Тфу бар чархи гардун, тфу!
Шоир идома медиҳад:
- Ин мисраъҳо ба ман чунон таъсиргузор буданд, ки ман дарҳол дар ҷавоби онҳо ҷунин навиштам:
Зи хуни башар хӯрдан, эй нобакор,
Фашистро ба ҷое расидаст кор.
Ки мулки моёнро кунад орзу,
Тфу бар ту, эй гурги малъун, тфу!
Сарбозон боз кафкӯбӣ карданд.
- Дуруст гуфтед, рафиқ лейтенант, ин фашистон монанди гургони дарранда хуни бегуноҳонро мерезанд, - сухани шоирро тасдиқ намуд фармондеҳ ва ба китфи ӯ зада идома дод: - Шеърҳои шумо воқеъан ба шуҷоъат, мардонагию амал даъват мекунанд.

Фараҳбону САЪДИЕВА,
омӯзгори мактаби таълими
миёнаи умумии рақами 22


Последнее редактирование: 13/05/2020 16:22;   Просмотров: 688
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку