Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ШОИРИ ИМРӮЗУ ФАРДО

Михаил Юревич Лермонтов дар таърихи адабиёт ва афкори ҷамъиятии халқи рус яке аз ҷойҳои махсусро ишғол мекунад. Номи ӯ дар қатори номи шоири маърув, асосгузори адабиёти нав ва бунёдкунандаи забони ҳозираи адабии рус А.С.Пушкин меистад.

Риштаи ҳаёти М.Ю.Лермонтов хеле барвақт канда шуда буд. Ӯ ҳанӯз ба сини 27 надаромада, бо дасти қотиле кушта мешавад. Аммо ӯ дар ин ҳаёти кӯтоҳи худ асарҳое офаридааст, ки дар хазинаи адабиёти халқи рус мақоми намоён дошта, дар инкишофи тамаддуни рус саҳми босазое боқӣ гузоштаанд.
Ин шоири ширинсухан ва соҳиби табъи равон 15-уми октябри соли 1814 дар шаҳри Москва таваллуд шудааст. Бачагии шоир дар мулки модаркалонаш, ки дар деҳаи Тархани Губернияи Пенза воқеъ гардида буд, мегузарад. Ӯ нахустин бор дар ин ҷо ба манзараҳои дилрабои сарзамини рус муҳаббат пайдо намуда, бо ҳаёти тоқатфарсо ва пур аз ҷабру зулми крепостнойҳо шинос мешавад.
Соли 1827 М.Ю.Лермонтов ҳамроҳи модаркалонаш ба Москва кӯчида меояд. Баъди як сол ба пансиони бошарафонаи назди Университети Москва дохил мешавад. Ҳангоми дар пансион таҳсил намудан Лермонтов ба мисли "Сурат", "Шикояти турк" ва "Монолог" бисёр шеърҳо эҷод менамояд, ки онҳо аз инкишоф ёфтани маҳорати адабӣ ва ба шакл даромадани афкори сиёсии шоири ҷавон дарак медоданд.
Тирамоҳи соли 1830 М.Ю.Лермонтов ба Университети Москва дохил мешавад, ки дар ин вақт Белинский, Станкевич, Гертсен, Огарев, Гончаров низ дар ин ҷо таҳсил менамуданд. Ӯ дар солҳои донишҷӯӣ зиёда аз сад шеър ва чандин фоҷеаю достонҳо эҷод мекунад.
Лермонтов ният дошт, ки таҳсилро дар Университети Петербург давом диҳад. Аммо ин ба ӯ муяссар намегардад ва ба мактаби прапоршикҳои гвардиягӣ дохил мешавад. Вай дар ин солҳо достони "Ҳоҷӣ Абрек"-ро нависта, лоиҳаи нави достони "Иблис"-ро ба итмом мерасонад.
Пас аз итмоми ин мактаб ба М.Ю.Лермонтов рутбаи офитсерӣ дода шуда, ба полки Гусарии гвардиягӣ, ки дар Сарское село меистод, фиристода мешавад. 8-уми феврали соли 1837 дар Петербург ҳодисаи мудҳише рӯй дод. А.С.Пушкин дар дуэл сахт ярадор шуд ва пас аз ду рӯз вафот намуд. Вафоти Пушкин ҳама адибони пешқадам, аз ҷумла М.Ю.Лермонтовро сахт мутаассир гардонида, нисбат ба рафтори душманон қаҳру ғазаб ва нафрати ӯро зиёдтар намуданд. Ӯ дар зери ғаму андӯҳи ин талафоти азим шеъри "Марги шоир"-ро таълиф мекунад. А.М.Горкий ин шеърро шеъри аз ҳама пурқувваттарини тамоми назми рус ҳисоб карда буд. Николаи I ва дарбориёни ӯ "ин шеър даъват ба револютсия аст", гӯён Лермонтовро ба ҳабс гирифтанд ва дере нагузашта бо супориши подшоҳ ба яке аз полкҳое, ки дар Кавказ буд, мефиристонанд.
Аввалҳои соли 1838 ба Лермонтов барои ба Петербург омадан иҷозат дода мешавад. Ӯ дар он ҷо тамоман ба корҳои эҷодӣ машғул гардида, "Андеша", "Шоир", "Рисари асир", "Абрҳо" барин чандин шеърҳоро меофарад. Ҳукумати подшоҳӣ дар шеърҳои Лермонтов ба монанди назми Пушкин қувваи пурзӯреро ҳис мекард. Аз ин рӯ, вай он муносибате, ки пеш нисбат ба Пушкин карда буд, ба Лермонтов ҳам кор мефармояд. Байни Лермонтов ва писари сафири Франсия Барант нотифоқӣ ва кинаю адоват ба вуҷуд оварда мешавад. Онҳо якдигарро ба дуэл даъват карданд. Дар дуэл тири Барант ба Лермонтов нарасид ва Лермонтов бошад, тири худро ба ҳаво мепарронад. Аммо шоирро барои дар дуэл иштирок карданаш ба гаутвахта ҳабс карда, сонӣ бо фармони подшоҳ ба армиям амалкунандаи дар Кавказ буда, бадарға карда мешавад.
Кинаю адовати подшоҳ ва аъёни ашрофи вай бо бадарға кардани шоир таскин намеёфт. Онҳо умед доштанд, ки Лермонтов дар ҷангҳои зидди кӯҳистониён нобуд мешавад. Барои нобуд намудани шоир баҳона меҷустанд. Онҳо Мартинов ном шахси мағруру ҳавобаланди тиҳимағзро пайдо карда, бо шоир ҷанг андохтанд. Мартинов Лермонтовро ба дуэл ҷеғ зад. 27-уми июли соли 1841 шоири ҳассос аз тири ҷонгудози рақиб ҳалок гардид.

МАРГИ ШОИР

Шоир ҳалок гашт! -
ба номус буд ғулом...
Вай кушта гашт - дар бағали қабр ҷо гирифт,
Чун он сухансарой, ки маҷҳулу меҳрубон.
Қурбони як рақобати нодида гашту рафт,
К-онро худаш ба табъи аҷоиб суруда буд.
К-ӯ ҳам зи дасти як каси бераҳм мурда буд.
Хомӯш гашт доҳии манзум шамъсон,
Он тоҷи шаъну шӯҳрати мо аз сар фитод.
Гулдастаи ифтихор гирифтанд аз сараш,
Як тоҷи ҳорин биниҳоданд ҷойи ӯ.
Он хор мехалад ниҳон бар сару ба рӯ,
Маҷрӯҳ карда гӯшакии ҷамъи аблаҳон.
Оё шумо наед, ки бо кинаву ҷафо,
Рондед қобилияти пурқудрати варо!
Истода пуртамаъ ҳама дар гирди тахти шоҳ,
Эй қотилони шавкати озодии даҳо,
Ҳоло ба зери пардаи қонун ниҳон шавед.
Суду ҳақиқат аст дар пеши шумо хамӯш!

М.Ю.ЛЕРМОНТОВ
(Тарҷумаи Ҳабиб ЮСУФӢ)


Последнее редактирование: 16/08/2019 14:20;   Просмотров: 785
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку