Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ШОИРЕ ОЗОДАНДЕШ, ФАРДЕ БАНОМУС…

Дар бораи инсони мӯътабар, падарбузурги маънавии ҷавонони худшиносу адабдӯст, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, шоир, драманавис, адабиётшинос, узви Шӯрои Анҷумани байналхалқии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон "Пайванд", узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Дорандаи мукофоти ба номи Деваштич устоди муаззам Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ сухан бисёр аст.

Бо устод дар бисёр анҷуману маҳфилҳо ҳамроҳ будем. Сафари Бухорои Шариф дар лавҳи хотир нақши носутурданӣ дорад. Ҳиммати устод дар ташаккули театри тоҷикии Самарқанд, эҳёи ҳунармандии миллӣ аз қабили сӯзанидӯзӣ дар корхонаи хурди "Ганҷинаи ҳаёт", афзоиши теъдоди рӯзномаҳои "Овози Самар­қанд" ва "Овози тоҷик" ҳангоми маъракаи обуна низ зиёд аст. Корномаи устод миёни халқ ӯро ба дараҷаи қаҳрамон расонидааст. Дар ҳама ҷо ӯ азизу мукаррам аст. Зеро айёме ба ҳамаи зарбаҳо хал­қу забони он ӯ сипар дошт. Муқобили ноадолатиҳо мубориза бурд. Ӯро дар ҳама ҳолат ақли гирояш роҳбаладӣ намуд...

Устод Ҳаёт Неъмат 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самар­қанд (ҳоло устод дар маҳаллаи Кӯи Сахо умр ба сар мебарад) ба дунё омадааст. Дар чаҳорсолагӣ, дар натиҷаи фалокате, маҷрӯҳ гардида, ҳаштуним сол бистарӣ будааст. То синфи ҳафтум дар мактаби русии бемористон, аз синфи ҳашт дар мактаби миёнаи рақами 16 таҳсил кардааст. Соли 1982 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз моҳи июни соли 1965 то августи 1983 дар идораи маорифи халқи ноҳияи Самар­қанд ба ҳайси сармуҳосиб, аз моҳи августи соли 1983 то декабри соли 1996 ба ҳайси сармуҳосиби Идораи таълими халқи вилояти Самарқанд адои вазифа намудааст.

Аз 16-солагӣ ба ду забон (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) шеър мегӯяд.

- Ман худам намедонам аз кай ба шеърнависӣ оғоз намудаам ва аввалин шеърам кадом аст. Чунки ман дар даруни шеър калон шудаам, мо бо шеър бозӣ мекардем, модарам моро бо шеър бедор мекарданд, ки на дар ҳама хонадон ин чиз буд. Маҷмӯаи шеърҳои ман бо номи "Шир! шеър! шер!" буда, бештари мисраҳои он ба мавзӯҳои фалсафӣ бахшида шудааст, - гуфт усдод.

Намунаҳои ашъори устод дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва 100 ғазали Имом Ҳумайниро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст, ки аз ҷониби Интишороти "Алҳудо" (Эрон) ба табъ расидаанд.

Дар соҳаи драманависӣ ҳам қалам ронда, чанд драмаи манзум офаридааст, ки "Меҳри пирӯз ё зодаи нур" ва дилогияи "Дарди рӯзгори Одам" иборат аз ду намоишнома ("Бародаркуш" ва "Фаромӯшӣ") аз он ҷумлаанд. Дилогияи "Дарди рӯзгори Одам" соли 1997 дар Озмуни драманависони тоҷик сазовори мукофоти дувум гардидааст. Соли 2000 Ширкати синамои "ДУНЭ"-и Фаронса дар ҳамкории киносозони Испания дар бораи Ҳаёт Неъмат филми мустанаде бардоштааст. Дар бисёр конфронсу симпозиумҳои байналхалқӣ, ки дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Арманистон, Лондон созмон ёфтаанд, иштирок доштааст.

Устод Ҳаёт Неъмат беш аз 30 сол аст, ки тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX-ро фароҳам овардааст ва то ҳол дар таҳқиқи ҳаёту эҷодиёти шахсиятҳои обрӯманд ва озодихоҳи тоҷик заҳмат мекашад. Дар соҳаи илми адабиётшиносӣ доир ба эҷодиёти Мавлавӣ якчанд таҳқиқоти илмиро ба анҷом расондааст, ба монанди монографияҳои илмии "Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ" (2014) ва "Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ" (2017).

- Агар мо имрӯз оид ба доираи адабии тоҷикони Самарқанд сухан гӯем, он фаъолтарин доираи адабӣ аст. Мо аз адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон ҷудо нестем. Мо тоҷикони Ӯзбекистонем. Дар Самарқанд зиёда аз 200 адиби тоҷик ҳастанд. 15 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонем. Мутаассифона, пас аз ба вуҷуд омадани саддҳои сарҳадии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ки рафту омади мардуми ду кишвари ба ҳам хеле наздик маҳдуд гашт, муҳити адабии Самарқанд аз назарҳо дур монд. Шукр, бо сиёсати оқилонаи Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев он хатоҳои марзбандии айёми гузашта ислоҳи худро ёфт.- иброз дошт устод Ҳаёт Неъмат.

Чун хонандагони гиромӣ хабар доранд, чанде пеш ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов меҳмони хонадони Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ буд. Аз китобхонаи бойи устод дидан кард.

Имрӯз зодрӯзи устод аст. Ба синни мубораки 77 қадам мениҳад. Устодро самимона табрик гуфта, тансиҳатии доимӣ ва ҷӯши илҳоми эҷодӣ мехоҳем.

Озод ҲАМИДЗОДА


Дата добавления: 30/07/2020 23:09;   Просмотров: 571
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку