Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ШОИР АЗ НАЗАРИ ЁР

Рӯзи 20-уми май ҳаводорони шеъру адабиёт 79-солагии шоири маҳбуб Лоиқ Шералиро пешвоз гирифтанд. Дар арафаи зодрӯзи шоир ҳамсари Лоиқ - Зебуниссо Қутбиддинова аз зиндагие ёд меорад, ки шоир аз сар ва аз дил гузаронидааст.

АРМУўОНИ НАШРИЁТ

Дар арафаи зодрґзи устоди зиндаёд Лоиі Шералє ду китоби эшон дар ¤збекистон бо номµои "101 Іазал" ба забони тоїикє ва "Онагинам", тарїумаи тарїумони пуркор Одил Икром бо забони узбекє бо ташаббуси шоир ва тарїумони беµамто Асадуллоµ Исмоилзода ба табъ расидаанд.
Дар китоби аввал Асадуллоµ Исмоилзода беµтарин Іазалµои Лоиі Шералиро гулчин намудааст.
Китоби "Онагинам"- ро Одил Икром ба забони ґзбекє баргардондааст ва фарогири 58 шеъри ба модар бахшидаи шоир мебошад.

МУХБИРИ ХУДАМОН

Лоиқ орзуҳои зиёд дошт, ки мутаассифона бархе аз онҳо ҷомаи амал напӯшиданд. Яке аз онҳо ба даст нагирифтани нусхае аз "Куллиёт"-аш буд. Наздикони шоир баъди маргаш тамоми ашъорашро ҷамъоварӣ ва мунташир карданд. Аммо феълан дар ҷустуҷӯи мисраҳои парешони Лоиқанд, ки дар гӯшае мондаанд, чоп нашудаанд...
Лоиқи бузургвор ҳангоми нашри китоби навашон хело хурсанд мешуданд. Онро мисли гули хушбӯе ба даст мегирифтанду бӯй мекарданд ва мегуфтанд, ки хушбӯйтарин накҳат аст - бӯйи ҷаннат мекунад.
Лоиқ инсони аҳл буданд ва дӯстони бисёре доштанд. Ҳоло шояд ман ҳамаи онҳоро номбар карда натавонам. Лекин масалан устод Сорбон, Абдунабӣ Сатторзода аз дӯстони даври кӯдакиашон буданд. Як дӯсти дигар доштанд, ки аз аҳли қалам набуд - марди ронандае буду Раҳим ном дошт, ин мард дар ҳамсоягиамон зиндагӣ мекард ва Лоиқ бо ӯ низ пайвандии наздике доштанд. Лоиқ ҳамсояҳояшро бисёр нағз медид. Шавҳари Ҳадиса Қурбонова - Маъруф бисёр дӯсти наздикашон буд. Маъруфҷон бисёр ошҳои бомазза мепухт ва ҳамин, ки ош пухт, албатта як табоқ гирифта хонаи мо меовард.
Баъзеи дигарро ӯ фарзандам мегуфт. Яке аз онҳо Акбар Абдулло, дигараш Афзалшоҳ Шодиев ва Муродбек Насриддинов буданд. Бо устод Ҷӯрабек Муродов як дӯстии тамоман аҷоиб доштанд. Муродов бисёр хона меомаданду бо Лоиқ сӯҳбатҳои зиёде мекарданд. Маҳмудҷон Воҳидов рафиқи бисёр наздикашон буданд. Боре худораҳматӣ Маҳмудҷон Воҳидов ҳазломез гуфт, ки "Лоиқ, агар ту ҷавон мурӣ, ман дар рӯзи видоат шеъри "Ман намемирам, Ман нахоҳам мурд" -атро чунон мехонам, ки ҳама гиря мекунанд". Аммо чанде гузашту Маҳмудҷон Воҳидов даргузашт ва ана ҳамин шеърро дар рӯзи видоаш бо овози худаш монданд, дар ҳақиқат ҳама гиря карданд.
Лоиқ аз сактаи мағзи сар, чӣ тавре мегӯянд, инсулт гузаштанд. Ҳамаи табибон дар болои сарашон буданд, вале илоҷе нашуд. Тамоми дӯстонашон дар беморхонаи "Қарияи боло" ҷамъ шуда буданд. Писархондашон Афзалшоҳ Шодиев буд. Се рӯзи аввал каму беш сухан мегуфтанд. Баъд дигар аз гап монданд. Қариб намедиданд. Аз овоз одамонро фарқ мекарданд.
Лоиқ дасти маро сахт қапиду гуфт, ки "ман сахти сахт беморам. Занак, ин бемории ман бисёр вазнин аст". Ман гуфтам, ки "не, Шумо аз ҷоятон мехезед ва ман Шуморо ботантана хона мебарам. Аз ҳамин беморхона то дари хона пояндоз меандозам, хона меравем". Ҳа, гуфтанду табассуми дардноке намуда, хомӯш шуданд. Ба ҳамин дигар чизе нагуфтанд. Охирин суханаш ҳамин буд...

Таҳияи
Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 20/05/2020 16:19;   Просмотров: 649
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку