Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ШИРУ ШАКАР

Дар адабиёти тоҷику ӯзбек як навъи шеър ҳаст, ки "ширу шакар" мегӯянд. Ин навъи шеър як мисраъ тоҷикӣ, як мисраъ ӯзбекӣ, ё баръакс, як мисраъ ӯзбекӣ, мисраи дигар тоҷикӣ ва ё мисраъҳои нима-нима тоҷикию ӯзбекӣ мебошанд ва чунин байтҳо он қадар зебо суруда мешаванд, ки дар ширинӣ ба омехтаи ширу шакар монанданд.

Масалан, ҳазрати Навоӣ фармудааст:
Аробӣ гуфтаам ар-ар, ба форсӣ гуфтамат қаддат,
Ба туркӣ сӯзласам бӯйинг, чаманда сабзавор ӯлсун.
Ҳоло ин анъанаи "ширу шакар"-сароӣ арзи вуҷуд дорад. Ҷои ифтихор он аст, ки дар дӯстии ин ду мардуми ҳамсоя, дар урфу одат, доду гирифт ва муомилаи халқи оддӣ бидуни даъвоҳои бебунёди мову ман ин ширу шакар боқист.
Халқҳои мо ҳамчун ду сатри як байт, ки яке ба ӯзбекӣ ва дигаре тоҷикӣ танинандоз мегардад, чун ду тори як дутор, ки оҳангҳои муҳаббат ва садоқатро тараннум месозад, пайваст ҳастанд.
Абдураҳим Исоев аз ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё дар шеъри "Ширу шакар"и худ ба қалам овардааст:
Аз қадим тоҷику ӯзбек бир тану бир ҷон эрур,
Расму оин бир эди, як буд арзи эҳтиром.
Мир Алишер дӯст эди бо Ҷомии ширинкалом,
Қилди тақлид бу удумга Боқию Ғафур Ғулом.
Устодони мо Айнӣ ва Ҳамза, Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом сурудҳои марғуби дӯстиро ба мерос мондаанд.
Халқҳои тоҷику ӯзбек, ки аз қадимтарин халқҳои Осиёи Миёна мебошанд ва таърихи бисёр ғанӣ доранд, ҳамин анъанаҳои устодону аҷдодони кабирашонро ба ҷон ҳифз карда, идома ва инкишоф дода, ба дасти наслҳои имрӯз супориданд.
Саҳми устод Айнӣ ба инкишофи адабиёти шӯравии ӯзбек ба дараҷаест, ки ӯ барҳақ яке аз асосгузорони ин адабиёт шинохта шудааст. Бешубҳа, устод Айнӣ барои бисёр адибони ӯзбек шарафу ифтихори устодӣ дорад.
Ғафур Ғулом, ки ба забони тоҷикӣ низ шеър мегуфт, устод Айниро "бародари калон ва маҳбуб", "муаллими сахтгир ва ғамхор" сифат карда, ба ин падари бузургвор "муҳаббати фарзандӣ" дошт. Дар навбати худ бисёр шоирони ӯзбек аз Навоӣ то Муқимӣ ва Ғафур Ғулом барои баъзе адибони мо ба сифати устод азизу мӯҳтараманд. Яке аз шогирдони Айнӣ Абдусалом Деҳотӣ дар шеъри "Муқимӣ зиндаӣ" (1953) меҳру эҳтироми мардуми тоҷикро ба тариқи зайл изҳор карда буд:
Тоҷикон ҳам дар сафи ӯзбек бародарҳои худ,
Зинда медоранд номатро дар ашъору суруд.
Ҳофизи ӯзбек мехонад сурудатро ба шавқ,
Ҷон ҳамегӯяд рафиқи тоҷики ӯ карда завқ.
Духтари ӯзбек мехонад: "Қародур кӯзларинг!"
Духтари тоҷик мегӯяд: "Қизил гул юзларинг".
Посдорандаи он анъанаҳои неки бузургон, классики адабиёти шӯравии ӯзбек Ғафур Ғулом фармудааст:
Аз қадим ҳар ду қудову андаанд,
Он писар-тоҷик, арӯсаш ӯзбек аст.
Модар аз Помир, падар - фарғонагӣ,
Ӯ худаш ӯзбек, забонаш тоҷик аст.
Адибони бузурги мо дар ҳазлу мутойибаҳо низ аз усули "ширу шакар" истифода бурдаанд. Аз ҷумла, нависандаи тоҷик Раҳим Ҷалил дар мактубе, ки ба Ғафур Ғулом навиштааст, гуфта буд:
Эй рафиқи қадрдони ман, Ғафур,
Соҳибистеъдоди донову ҷасур.
Тинмайин ёзгин совет халқи учун,
Партия гӯяд ба ту "қандингни ур!".
Дар ҷавобномаи Ғафур Ғулом ба Раҳим Ҷалил ин дӯстӣ чунин суруда мешавад:
Ҷӯраи ҷонӣ, Раҳимҷони Ҷалил,
Бандага бир илтифоте айлагил:
Меҳмон бӯлгил уйимга як-ду рӯз,
Келину Пӯлоду Гулрӯ бирла кел.
Ин анъанаро шоири истаравшанӣ Ҷамшед Пиримов дар қасидаи дӯстии худ чунин давом медиҳад:
Ба хоки пок мансубему
Бир Ватан фарзандимиз.
Миллаташ ӯзбеку тоҷик,
Икки дӯст дилбандимиз.
Қаробатии ин ду халқро шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода бисёр хуб назм кардааст:
Фарқи ҳама мардумони дигар осон,
Аммо ману ту шуда чунон ҳам наздик.
Бинанда чунин суол орад ба миён,
Эй ҷӯра, бигӯ, ту ӯзбекӣ, ё тоҷик?
Мо орзу дорем, ки ин қаробат, ин ширу шакар, саҳеҳтараш ин ширпайвандиву шакарпайвандӣ ҳамеша боқӣ мемонад.

Аҳмадалӣ АҲМАД


Дата добавления: 21/06/2019 14:17;   Просмотров: 1268
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку